Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия кобинаи нави он кишварро таъйин кард, ки бар асоси он, раҳбарони вазоратхонаҳои муҳим, аз ҷумла, вазорати умури хориҷӣ, дохилӣ ва дифоъ дар мақоми худ боқӣ монданд.
Бар асоси феҳристи аъзои кобинаи нав, ки дафтари раёсати ҷумҳури Русия рӯзи 21-уми январ нашр кард, Сергей Лавров вазири умури хориҷӣ ва Сергей Шойгу, вазири дифоъ ва Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилӣ, дар кобинаи нав бо раҳбарии нахуствазири ҷадид Михаил Мишустин, дар ин мақомҳо боқӣ мемонанд.
Антон Силуанов, вазири молия, Александр Новак, вазири энержӣ, Дмитрий Патрушев, вазири кишоварзӣ, Евгений Дитрих, вазири нақлиёт, Дмитрий Кобилкин, вазири захоири табиӣ ва муҳити зист ва Денис Мантуров, вазири саноат ва савдо низ ба узвият дар кобинаи нав идома хоҳанд дод.
Губернатори Перм Максим Решетников ба мақоми вазорати иқтисод ва Андрей Белоусов, мушовири иқтисодии оқои Путин низ ба ҷойи Антон Силуанов ба мақоми муовини аввали нахуствазир таъйин шуданд. Ҳамчунин Дмитрий Григоренко ба унвони яке аз муовинони нахуствазир ва раиси дафтари ҳукумати нав таъйин шудааст.
Путин дар мулоқот бо аъзои кобинаи нав гуфтааст, "содиқона барои шумо орзуи муваффақият мекунам. Ин дар ростои манфиати ҳамаи кишвар аст".
Владимир Путин ҳафтаи гузашта дар суханронӣ дар порлумони он кишвар хитоб ба мардуми Русия нуқтаҳои асосии тарҳҳои густурдаи худ барои ислоҳи Қонуни асосиро эълом кард. Суханони ӯ ин гумонҳоро ба миён овард, ки яке аз ҳадафҳои аслии тағйирот ин аст, ки Путин пас аз поёни чаҳорумин давраи раёсати ҷумҳуриаш дар соли 2024, мехоҳад идораи умури муҳими Русияро дар даст дошта бошад.
Дар рӯзи суханронии Владимир Путин, Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия истеъфо дод ва як рӯз баъд раиси ҷумҳури Русия Михаил Мишустин, раиси ношинохтаи Кумитаи андозро ба унвони нахуствазири нав таъйин кард.
Рӯзи сешанбеи 21-уми январ дар айни ҳол яке аз кумитаҳои Думаи давлатии Русия пешниҳодҳои Владимир Путин барои тағйири Қонуни асосиро як рӯз пас аз дарёфти он тасвиб кард. Думаи давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия қарор аст рӯзи панҷшанбеи 23-юми январ аввалин ҷаласаи баҳс дар мавриди ин тағйиротро баргузор кунад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!