Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Назарбоев бо $45 млн дар Швейтсария замин харид


Динора Қулибоева, духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Швейтсария ба маблағи 44 миллион франк (ҳудуди 45 миллион доллар) замин харидааст. Дар ин бора нашрияи швейтсарии "La Tribune de Genève" хабар дод.

Ба иттилои нашрия, замин дар минтақаи Коллонж-Белриви Швейтсария ҷойгир аст. Он бо ҳудуди қасре бо номи Белрив пайваст аст, ки Қулибоева соли гузашта харидорӣ карда буд.

Замини мазкур ҳудуди якуним ҳектар буда, аз сокин Монако Марк Сёрсок харидорӣ шудааст. Қасре ки духтари Назарбоев харидорӣ кардааст, дар асри 17 бунёд шуда, шомили феҳрасти сарватҳои миллии Швейтсария аст.

Расонаҳои Швейтсария соли гузашта навиштанд, Динора Қулибоева қасри амаки Оқохонро дар он кишвар ба маблағи 62 миллион франки швейтсарӣ харидааст.

Нашрияи "Bilan" 21августи соли 2019 навишт, ки қасри Белривро се сол пеш бо арзиши 120 миллион франки швейтсарӣ ба фурӯш гузоштанд ва ниҳоят чанд рӯз пеш аз ҷониби духтари президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо нархи 62 миллион франк харида шуд.

Нашрия менависад, Динора Қулибоева соли 2009 низ дар Женева бар ивази 75 миллион франк хона харида буд.

XS
SM
MD
LG