Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути 11 украинӣ аз Теҳрон ба Киев расид


Интиқоли тобути қурбониёни ҳодисаи 8-уми январ. Бориспол, Украина, 19-уми январи 2020
Интиқоли тобути қурбониёни ҳодисаи 8-уми январ. Бориспол, Украина, 19-уми январи 2020

Тобути 11 шаҳрванди Украина, ки ҳангоми сарнагун шудани ҳавопаймои ин кишвар дар Теҳрон ҷон бохтанд, рӯзи 19-уми январ ба Киев расид.

Ҳавопаймои украинӣ субҳи 8-уми январ баъди чанд лаҳзаи аз фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон ба ҳаво хестан сарозер карда шуд. Мақомоти Эрон гуфтанд, дар авҷи танишҳо бо Амрико ҳавопайморо нохоста заданд ва он "хатои инсонист".

Украина, Канада ва се кишвари дигар, ки дар ин фоҷиа шаҳрвандонашонро аз даст доданд, хоҳони таҳқиқоти пурра, мустақил ва шаффоф шуданд.

Президенти Украина Владимир Зеленский, нахуствазир Алексей Гончарук ва мансабдорони дигари баландпоя дар маросими қабули тобутҳо иштирок карданд. Ду шаҳрванди ҳалокшудаи Украина мусофир ва 9 каси дигар узви экипаж буданд.

Дар маҷмуъ дар ҳодисаи сарнагун шудани ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон 165 нафар ҷон бохтанд.

Тобути 11 шаҳрванди Украина дар ҳоле ба кишварашон интиқол ёфт, ки суолҳои нав дар бораи ҳамкории мақомоти расмии Эрон дар таҳқиқи фоҷиа рӯ задааст. Як мансабдори эронӣ гуфта буд, ки қуттии сиёҳи ҳавопайморо ба мутахассисони хориҷӣ медиҳанд, вале ҳоло ба назар мерасад ақибнишинӣ мекунад.

Хабаргузории давлатии ИРНА ба нақл аз Ҳасан Ризоифар, раиси гуруҳи таҳқиқотӣ, рӯзи 19-уми январ гуфтааст, "мо ҳеч барномае барои ирсоли он надорем."

Вазирони умури хориҷии Афғонистону Бритониё, Канада, Шветсия ва Украина баъд барои фишор овардан ба Эрон баёнияи муштарак содир кардаанд.

XS
SM
MD
LG