Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ вуруди Иброҳимовро ба Русия ва Қрим то 2054 манъ кард


Тарас Иброҳимов
Тарас Иброҳимов

Хадамоти Федеролии Амнияти Русия ё ФСБ журналисти украинӣ Тарас Иброҳимовро аз ҳаққи ворид шудан ба қаламрави Русия ва нимҷазираи ишғолшудаи Қрим манъ кардааст. Иброҳимов ҳамкори сомонаи "Крым.Реалии", тарҳи бахши русии Радиои Озодӣ, аст.

Дар санаде, ки марзбонҳо дар сарҳади Қрим ба Тарас Иброҳимов додаанд, гуфта шудааст, ӯ то охири моҳи майи соли 2054 аз ҳаққи вуруд маҳрум аст. Хабарнигор мегӯяд, ҷараёни тақдими санад оромона сурат гирифт, аммо на даҳонӣ ва на хаттӣ сабаби чунин тасмимро шарҳ надодаанд.

Худи ӯ чунин бархӯрдро ба кори хабарнигорияш ва бозтоби мурофиаҳои тоторҳои Қрим вобаста донист.

ФСБ моҳи ноябри соли 2018 ҳамкори дигари "Крым.Реалии" Алена Савчукро даҳ сол аз ҳаққи вуруд ба ин нимҷазира маҳрум карда буд.

Созмонҳои байналмилалии хабарнигорӣ ва кишварҳои ғарбӣ ҳамвора аз тасмими мақомоти Русия барои дахолат ба кори хабарнигорон дар нимҷазиари ишғолшудаи Қрим ибрози нигаронӣ кардаанд.

Русия ин нимҷазираи мутаалиқ ба Украинаро соли 2014 ба ҳудуди худ ворид кард ва аз он замон то кунун зери таҳримҳои кишварҳои ғарбист.

XS
SM
MD
LG