Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз 60-умин солгарди паймони амниятии Амрико ва Ҷопон


Раиси ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп бо сарвазири Ҷопон Шинзо Абе. Моҳи июни соли 2019
Раиси ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп бо сарвазири Ҷопон Шинзо Абе. Моҳи июни соли 2019

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, аз 60-умин солгарди паймони амниятӣ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Ҷопон таҷлил кард. Пеш аз ин Трамп аз паймон интиқод карда, хоҳони эътилофи ҷиддии ду кишвар шуда буд.

Раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи 18-уми январ дар баёнияе гуфт, дар ҳоле ки чаҳорчӯби амниятӣ ба сӯи харобӣ равон аст ва чолишҳои нав пайдо шудаанд, ниёз аст ду ҷониб эътилофашонро тақвият бахшанд.

Ӯ ҳамчунон афзуд, бовар дорад, дар моҳҳо ва солҳои оянда нақши Ҷопон дар амнияти дуҷониба бештар мешавад.

Иёлоти Муттаҳида ва Ҷопон нахустин паймони амниятиро соли 1951 имзо карданд, аммо дар соли 1960 сарвазири пешини Ҷопон онро дубора баррасӣ кард.

XS
SM
MD
LG