Амрико ва Чин рӯзи чаҳоршанбеи 15-уми январ "марҳилаи аввал"-и созишномаро барои коҳиши бархе тарофаҳои тиҷоратӣ байни ду кишвар имзо карданд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар маросими имзои созишнома гуфтааст, "ман фақат мехоҳам бигӯям, ки ин як рӯзи бузург барои Чин ва Амрико аст. Ин як созише аст, ки мардум тақрибан аз чиҳил сол ба ин сӯ дар бораи он сухан гуфтанд, вале ҳеҷ гоҳе натавонистанд, ки ҳатто як варақро имзо кунанд. Мо ҳеҷгоҳ ягон тавофуқе бо ҳам надоштем. Ин як созиши бузург барои ду кишвар аст".
Доналд Трами ин созиши ибтидоиро як "дигаргунӣ"-и асосӣ дар тиҷорати ҷаҳонӣ хонд. Президенти Амрико дар идома таъкид кардааст, ки таҳдид барои ҷорӣ кардани тарофаҳои 25-дарсадӣ бар 250 миллиард доллар маҳсулоти чинӣ то замони имзои марҳилаи дувуми ин тавофуқ, побарҷо хоҳад монд. Трамп гуфт, "мо таҳдид ба афзоиши тарофаҳоро зинда нигаҳ медорем, зеро ки дар ғайри ин сурат корте барои фишор дар музокирот ба тарафи чинӣ нахоҳем дошт".
Лю Хе, муовини аввали нахуствазири Чин ҳам дар ин маросим номаи Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чинро қироат кард. Раиси ҷумҳури Чин аз имзои ин тавофуқнома ҳамчун сароғозе барои ҳаллу фасли ихтилофоти тиҷоратӣ аз тариқи музокира, ёд кардааст.
Дар бахши аслии ин созишнома Чин ӯҳдадор шудаааст, ки 200 миллиард доллар бештар маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар колоҳои амрикоро то соли 2021 харидорӣ кунад. Ин рақам илова бар 186 миллиард доллар колои амрикоӣ аст, ки Чин дар соли 2017 ӯҳдадор ба хариди онҳо шудааст.
Бар асоси санади нашршуда аз сӯи Кохи Сафед, ӯҳдадориҳои Чин шомили хариди 54 миллард энержӣ, 78 миллиард маҳсулоти тавлидӣ, 32 миллиард маҳсулоти кишоварзӣ ва 38 миллиард хадамот хоҳад буд.
Лю Хе дар ин маросим гуфтааст, "ширкатҳои чинӣ бар асоси "шароити бозор" солона 40 миллиард доллар маҳсулоти кишоварзӣ аз Амрико харидорӣ мекунанд.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ин тавофуқ дар ҳоле пас аз ҷанги тиҷории 18-моҳа байни ду кишвар имзо шуд, ки ҳанӯз бархе аз ихтилофҳо байни ду қудрати аслии иқтисоди ҷаҳон ҳаллу фасл нашудааст.
Тибқи ин гузориш, Вашингтон ва Пекин бар ин бовар ҳастанд, ки пас аз моҳҳо музокира, имзои "марҳилаи аввал"-и ин тавофуқнома қадаме ба пеш аст.