Муфаттишони парвандаи эълони нобоварӣ ба раиси ҷумҳури Амрико аз Маҷлиси Намояндагон як баста аз санадҳои Лев Парнас шарики наздики Руди Ҷулиани, вакили дифои Доналд Трампро ба кумитаи Конгресс фиристодаанд. Ба қавли онҳо, дар санадҳо далелҳои дигар барои эълони нобоварӣ ба Доналд Трамп вуҷуд дорад.
Санадҳо, ки ёддошт, номаҳои электронӣ, суҳбатҳои телефониро дар бар мегиранд, рӯзи 14-уми январ нашр шуданд. Дар онҳо ҷузъиёти тозаи маҷбур кардани Украина ба тафтиши фаъолиятҳои рақиби сиёсии Трамп ва ба таъхир андохтани кӯмакҳои низомӣ ба Украина ошкор шудаанд. Дар яке аз ёддоштҳо омадааст, ки Парнас гуфтааст, “Аз Зеленский бихоҳед, ки бигӯяд, қазияи Байден тафтиш мешавад.”
Моҳи июли соли гузашта Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз Володимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина хост, ки фаъолиятҳои Ҷо Байден ва писари ӯ Ҳантер Байденро тафтиш кунад. Писари Байден то соли 2014 узви Шӯрои мудирони як ширкати энергетикӣ дар Украина буд. Муфаттишони Амрико Лев Парнасро бо иттиҳоми қонуншиканӣ дар маблағгузории корзори интихоботӣ дар моҳи октябри соли гузашта дастгир кардаанд. Доналд Трамп, талоши вакилони Ҳизби Демократ барои эълони нобоварӣ ба ӯро беасос медонад.