Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати ҳабси президенти пешини Қирғизистон тамдид шуд


Муҳлати ҳабси президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев то 15-уми марти соли равон дароз карда шуд. Дар ин бора вакили дифоъ Замир Жоошев баъди мурофиаи навбатии марбут ба парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев аз зиндони Қирғизистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, баррасии парвандаи мазкур ба иллати бемор будани вакили дифои яке аз гумонбарон ба 16-уми январ ба таъхир гузошта шуд. Худи президенти пешини Қирғизистон дар мурофиа иштирок накардааст.

"Дар мурофиа як чанд дархости вакилони дифоъ баррасӣ шуд. Яке аз дархостҳо иваз кардани айбдоркунандаи давлатӣ буд. Зеро ӯ дар рафти тафтишот иштирок кардааст. Бар асоси қонун, дар ингуна ҳолатҳо додситон бояд иваз шавад. Вале додрас дархостро рад кард. Дувум, масъалаи ҳабси гумонбарон баррасӣ шуд ва муҳлати ҳабси Отамбоевро дароз карданд",-изҳор дошт Жоошев.

Ба гуфтаи Жоошев, ҳимоятгарони Отамбоев ҳабси шахси зери ҳимояи худро ғайриқонунӣ ва беасос меҳисобанд.

Додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон чанд сол қабл дар асоси хулосаи табибон Азиз Батукаевро пеш аз муҳлат аз зиндон озод кард.

Дар озодсозии ғайриқонунии Батукаев чаҳор тан - президенти пешин Алмосбек Отамбоев, додситони пешин Индира Ҷолдубоева, мушовири пешини раиси муассисаҳои ислоҳии Қирғизистон Калибек Качкиналиев ва мудири пешини маркази гематологии Қирғизистон Абдуҳалим Раимҷоновро айбдор мекунанд. Дар маҷмуъ дар доираи ин парванда 19 кас гумонбар мешаванд.

XS
SM
MD
LG