Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогнависи қазоқ талоши дарёфти паноҳандагии Украинаро дорад


Додгоҳе дар Украина қарор аст, имрӯз, 14-уми январ шикояти блогнависи қазоқистонӣ Жанара Ахмет, ҳамсафи роҳбари "Интихоби демократии Қазоқистон" Мухтор Аблязовро ба баррасӣ гирад. Жанара Ахмет аз болои қарори Хадамоти муҳоҷирати Украина дар робита ба рад кардани дархости паноҳандагии вай ба додгоҳ шикоят бурд.

Гуруҳе аз вакилони порлумони Италия ахиран ба президенти Украина Владимир Зеленский дар робита ба парвандаи Жанар Ахмет муроҷиат карданд. Вакилон изҳори умедворӣ карданд, ки додгоҳ қарорашро ба нафъи блогнависи қазоқистонӣ содир мекунад.

"Агар қарори хадамоти муҳоҷират тағйир наёбад, эҳтимол дорад, ки Жанара Ахмет ба Қазоқистон истирдод шавад",-гуфт Владислав Гришенко, вакили мудофеи Жанара. Блогнавис Жанара Ахмет, ки дар шаҳри Алмаато зиндагӣ мекард, моҳи марти соли 2017 ба Украина фирор кард.

Жанара ҳамроҳ бо писари 9-солааш ба Украина рафт. Жанара Ахмет мегӯяд, дар Қазоқистон борҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданаш боис гардид, ки фирор кунад. Вай яке аз гумонбарони парвандаи ҷиноии "ташкили созмони ғайриқонунӣ" дониста мешуд. Жанара Ахмет баъди озодии шартӣ аз зиндон зери назорати мақомот буд.

Блогнавис Жанара Ахмет бо навиштаҳои танқидиаш зидди ҳукумати Қазоқистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст.

XS
SM
MD
LG