Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ шикояти модари варзишкори кушташудаи қазоқро рад кард


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон шикояти Оксана Тен, модари варзишкор Денис Тенро барои ба ҷавобгарӣ кашидани ду корманди пулисеро рад кард, ки тобистони соли 2018 шоҳиди қатли писараш шуда буданд.

Оксана Тен нозирон Одилбек Мусоев ва Азамат Нурпеисовро дар беамалӣ айбдор мекард. Онҳо 19 июли соли 2018 дар наздикии маҳалли куштор қарор доштанд. Ин ду корманди пулис дар доираи парвандаи куштор ба ҳайси шоҳид баёнот дода, гуфтанд, ки ҳодиса дар пеши чашми онҳо рух додааст. Вале маъмурони пулис замоне ба кумаки варзишкор шитобиданд, ки ӯ аллакай захмӣ буд.

Оксана Тен аз додгоҳ хост, амали кормандони пулис мушикофона таҳқиқ ва муайян карда шавад, ки он рӯз онҳо метавонистанд аз кушта шудани писараш пешгирӣ кунанд, ё не.

Варзишкори маъруфи қазоқ ва барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия Денис Тени 25-сола 19 июли соли 2018 дар бемористони шаҳри Алмато вафот кард. Ӯ бо чанд захми корд ба бемористон интиқол ёфта буд. Ба ӯ афроде ҳамла карданд, ки мехостанд, шишаи мошинашро дузданд.

Додгоҳ гумонбарони ин куштор Арман Кудайбергенов ва Нуралӣ Киясовро 18-солӣ зиндонӣ кард. Муттаҳамон дар додгоҳ ба гуноҳашон иқрор, аммо куштори барқасдонаро рад карданд. Муттаҳами дигари парванда Жанар Толибоева бо айби иттилоъ надодан дар бораи ҷиноят 4 сол зиндонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG