Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маликаи Бритониё ба шоҳзода ва ҳамсараш давраи гузаришро фароҳам кард


Малика Елизаветаи II розӣ шуд, ба шоҳзода Гаррӣ ва ҳамсараш Гарен Маркл "давраи гузариш"-еро фароҳам созад, ки дар давоми он онҳо метавонанд бо навбат дар Канада ва Бритониё зиндагӣ кунанд.

Малика гуфт, тасмими набераи хурдӣ ва ҳамсарашро дар бораи нақши нави иҷтимоияшон "пурра дастгирӣ мекунад", вале ба назари ӯ беҳтар аст, ки онҳо ҳамчун узви хонаводаи шоҳ бимонанд.

Елизаветаи II изҳор дошт, ки барои ба эътидол овардани муносибатҳои Гаррӣ ва Меган бо аъзои дигари хонаводаи шоҳ корҳои зиёдеро бояд анҷом дод, вале умедвор аст, тасмими ниҳоӣ дар ин бора рӯзҳои оянда гирифта хоҳад шуд.

Гаррӣ ва ҳамсараш ахиран эълом карданд, ки мехоҳанд аз мақоми узви хонаводаи шоҳ даст кашанд. Онҳо дар изҳороти худ гуфтаанд, ки мехоҳанд, вақти худро миёни Бритониё ва Амрикои Шимолӣ тақсим кунанд.

Ба гуфтаи Мегану Гаррӣ, онҳо ба хотири истиқлоли молӣ аз хонаводаи шоҳӣ корро оғоз карданианд.

Онҳо ҳамчунин хабар доданд, ки як бунёди нави хайрияро ташкил кардаанд, вале ҷузъиёти бештареро дар ин бора ироа накарданд.

Шоҳзода Гаррӣ ва ҳунарманди амрикоӣ Меган Маркл 19 майи соли 2018 издивоҷ карданд. Ин дувумин издивоҷи Меган Маркл аст. Онҳо 6 майи соли 2019 соҳиби писар шуданд.

XS
SM
MD
LG