Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди ҷаримаву зиндон барои консерти Юлдуз Усмоноваи "қалбакӣ"


Ба зидди як сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд барои ташкили консерти дурӯғини Юлдуз Усмонова, овозхони машҳури узбек, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Мақомот гуфтанд, Саидҷон Ғаниев ба қаллобӣ муттаҳам аст. Вале феълан назари ӯ ва ё пайвандонаш ба ин иттиҳом маълум нест.

Мақомоти милисаи Истаравшан рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Саидҷон Ғаниев бо эълони баргузории консерти Юлдуз Усмонова ба мардум билет фурӯхта, вале шахси дигарро ҳамчун Юлдуз ба саҳна баровардааст.

Консерт бо иштироки гӯиё Юлдуз Усмонова рӯзи 25-уми декабри соли 2019 дар тарабхонаи "Садбарг"-и шаҳри Истаравшан баргузор шуда буд. Даҳҳо мухлиси Юлдуз Усмонова баъд аз консерт гуфтанд, онҳоро фиреб додаанд. Чун ба гуфтаи сокинон дар саҳна на Юлдуз Усмонова, балки нафаре монанд ба ӯ ҳозир шуда, овозхонӣ кардааст.

Мақомот дар пайи расонаӣ шудани хабар ҳодисаро таҳқиқ карданд.

Намояндаи Юлдуз Усмонова ҳам иштироки овозхони машҳурро дар консерте дар Истаравшан рад карда буд.

Масъулони дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд гуфтанд, ба зидди Саидҷон Ғаниеви 43-сола бар асоси қисми дуи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ аз ҷониби гурӯҳе бо маслиҳати пешакӣ ва расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрвандон) парванда боз кардаанд. Дар сурати исботи ҷурм Саидҷон Ғаниев мумкин аст то 52 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 5 сол зиндонӣ шавад.

Мақомот дар оғози таҳқиқи ҳодиса ӯро боздошт карда буданд, аммо феълан маълум нест, ки ҳанӯз дар боздошт аст ё муваққатан озод шудааст.

Ҳаҷми зарари расондаи Ғаниев ба шаҳрвандон низ расман эълон нашудааст. Ташкилкунандагони консерт гуфта буданд, 100 билетро бо қимати то 350 сомонӣ фурӯхтаанд.

Юлдуз Усмонова, овозхони узбекистонӣ дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони зиёд дорад.

Ахиран маълум шуд, ки рӯзи 25-уми декабри соли 2019 ба ҷойи Юлдуз Усмонова назди мухлисони тоҷики ӯ на зан, балки як мард овозхонӣ кардааст. Ӯ тақлидкори узбекистонӣ Рустамхоҷа Усмонов будааст. Усмонов дар сафҳаи "Инстаграм"-аш эълон кардааст, ки ӯро нафаре бо номи Ҷамшед фиреб дода, ба як шабнишинӣ ба Истаравшан даъват кардааст. Тақлидкор гуфтааст, ӯ фикр намекард, ки иштирокдорони барнома Юлдуз Усмоноваи воқеиро интизоранд.

Юлдуз Усмонова соли гузашта чанд дафъа бо барномаҳои ҳҳунарӣ ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ моҳи марти соли 2018 дар консерти муштараки овозхонҳои Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе низ иштирок карда буд.

Тафсилоти консерти Юлдуз Усмоноваи "қалбакӣ" дар инҷост:

Таҳқиқи консерти Юлдуз Усмоноваи "қалбакӣ" дар Истаравшан. Ду нафар бозпурсӣ шуд. САДО

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG