Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли қазоқистонӣ аз толори додгоҳ озод шуд


Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 9-уми январ фаъоли маҳаллӣ Алибек Молдинро аз толори додгоҳ озод кард. Молдин бо моддаи "таҳқир" ба додгоҳ кашида шуда буд ва додгоҳ гуфт, дар парвандаи вай таркиби ҷиноят мавҷуд нест.

Нисбати Молдин, ки дар гирдиҳамоиҳои сулҳомез борҳо ширкат ва ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудааст, дар моҳи ноябри соли гузашта айб эълом шуд. Чанд зан ба додгоҳ шикоят бурдаанд, ки Молдин зани серфарзандеро гӯё таҳқир кардааст.

Фаъоли ҷамъиятӣ Алибек Молдин дар гирдиҳамоиҳои солҳои 2016 ва 2019 ширкат кардааст. Дар соли 2016 фаъолон зидди ба Чин додани замин эътироз доштанд. Дар соли 2019 онҳо интихоботи шаффоф ва одилона талаб карданд.

XS
SM
MD
LG