Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду муҳоҷири туркман бо гумони ҳамла ба шаҳрванди Узбекистон дастгир шуданд


Дар шаҳри Истамбули Туркия ду шаҳрванди Туркманистон бо гумони куштори як шаҳрванди Узбекистон ва расонидани зарари ҷисмонии сахт ба ҳамватани худ боздошт шуданд. Дар ин бора расонаҳои туркӣ 9-уми январ хабар доданд.

Ба иттилои нашрияи "Миллият", сокинони маҳаллӣ 1-уми январ, тахминан соатҳои 10-и шаб дар ноҳияи Эсенюрти Истамбул ҷавонеро бо гардани бурида пайдо ва "ёрии таъҷилӣ"-ро даъват кардаанд.

"Дар натиҷа табибон шаҳрванди 23-солаи Туркманистон бо номи Арслонро ба беморхона интиқол дода, бистарӣ кардаанд ва ӯ танҳо пас аз се шабонарӯз ба ҳуш омадааст",-менависад нашрия.

Арслон дар натиҷаи низое захмӣ шудааст, ки миёни ӯву 5 дӯсташ дар манзиле дар ноҳияи Эсенюрт сар задааст. Ба гуфтаи Арслон, он шаб шаҳрванди Узбекистон бо номи Олимбойро низ корд задаанд, ки дар натиҷа дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст.

Дар ҳамин ҳол пулиси Туркия хабар дод, ки 3-юми январ дар соҳили рӯдхона, дар маҳаллаи Бейликдузи Истамбул ҷасади ҷавонеро бо захми корд пайдо кардаанд. Дар робита ба ин куштор ду шаҳрванди Туркманистон марди 44- соларо бо ҳамсарашро боздошт кардаанд. Як шаҳрванди 35-солаи Узбекистон бо номи Ҷамол низ дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG