Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истихроҷи тилло дар кони "Қумтор" аз 1 моҳ ба ин сӯ қатъ шудааст


Дар кони тиллои Қумтори Қирғизистон сар аз 1 декабр - аз замони лағзиши замин ва бенишон шудани кормандони ширкат, истихроҷи тилло қатъ шудааст. Марина Гаврилова, сухангӯи Қумтор хабар дод, дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки истихроҷи тилло кай аз сар гирифта хоҳад шуд.

"Ҳоло иҷозаи фаъолиятро надорем, ҳамаи корҳо қатъ шудааст",-гуфт Гаврилова.

Субҳи 1-уми декабр ду коргари кони тиллои "Қумтор Голд Компанӣ" баъди он нопадид шуданд, ки дар яке аз қитъаҳои кон лағзиши теппа рух дод.

Дар ҳоли ҳозир дар кони тиллои Қумтор 3700 кас кор мекунад. Қисме аз инҳо бо ширкат шартномаи тӯлонимуддат доранд ва қисми дигар ба таври муваққат кор мекунанд.

Қумтор бузургтарин коргоҳи Қирғизистон аст. Қариб 10% ҳаҷми ММД-и Қирғизистон аз Қумтор мерӯяд.

Ба иттилои ширкат, Қирғизистон то кунун аз ин кон 3 миллиарду 427 ҳазор доллар даромад гирифтааст.

XS
SM
MD
LG