Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути "Боинг 737" дар Теҳрон 176 мусофир ҷон бохтаанд


Расонаҳои эронӣ субҳи чаҳоршанбеи 8-уми январ хабар доданд, ки як ҳавопаймои мусофирбари "Боинг737"-и мутааллиқ ба хати ҳавоии Украина пас аз парвоз аз фурудгоҳи Имом Хумайнӣ дар наздикии Теҳрон дучори нақзи фаннӣ шуд ва суқут кард.

Раиси созмони Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфтааст, "бар асоси маълумоти ба даст омада, эҳтимоле барои зинда будани сарнишинони ҳавопаймо вуҷуд надорад".

Ин ҳавопаймо, ки бо таъхири яксоата бархост, озими Киев -- пойтахти Украина будааст, 176 мусофир ва ҳайати парвоз доштааст.

Муҷтабо Холидӣ як масъули ҳолатҳои фавқулоддаи Эрон қаблан ба хабаргузории ИСНА гуфта буд, ки 22 мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба ҷои ҳодиса фиристода шуд.

Ширкати "Боинг" низ дар баёнияе гуфтааст, ки аз ҳодиса бохабар аст ва дар ҳоли ҷамъоварии маълумот мебошад. Ин ширкат маълумоти бештаре ироа накардааст.

Ин дувумин ҳодисаи пурталафот дар Эрон зарфи ду рӯзи гузашта аст. Рӯзи сешанбе дар ҷараёни маросими дафни пайкари Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон, дар шаҳри Кирмон ҳади ақал 56 нафар кушта шуданд.

Суқути ин ҳавопаймо чанд соат пас аз он рух дод, ки Эрон ба ду пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод.

XS
SM
MD
LG