Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Пентагон ишора кард, ки маконҳои таърихии эрониҳо осеб намебинанд


Вазири дифои ИМА Марк Эспер рӯзи 6 январ ба таври рӯшан ва қотеъ аломат дод, ки низомиёни амрикоӣ маконҳои фарҳангии эрониҳоро оташ намезананд. Эспер дар як нишасти матбуотӣ дар Пентагор гуфт, “мо мутобиқ ба қонунҳои замони ҷанг кор мекунем”. Ин ишора баъди он карда шуд, ки таҳдиди президент Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба маконҳои фарҳангии Эрон боиси хашми бисёриҳо шуд ва созмони Human Rights Watch гуфт, ки чунин амалҳо ҷинояти ҷангӣ арзёбӣ мешавад. Эъломияи соли 1954-и Гаага оид ба ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ҳам чунин амалҳоро ҷинояти ҷангӣ арзёбӣ мекунад. Дар паи афзоиши танишҳо дар равобити ИМА ва Эрон баъди куштори генерал Қосим Сулаймонӣ, Трамп дар саҳифаи Твиттери худ рӯзи 4 январ навишт, ки ИМА маконҳои “муҳим барои эрониҳо ва фарҳанги эронӣ”-ро ба феҳристи 52 ҳадафе ворид кардааст, ки дар сурати интиқомҷӯии Теҳрон мавриди назари онҳо қарор мегирад. Вале бо вуҷуди интиқодҳо аз ҷониби сиёсатмадорони амрикоиву дигарҳо, Трамп рӯзи 5 январ мавқеашро такрор кард ва гуфт, дар ҳоле, ки онҳо “иҷоза медиҳанд, ки мардуми мо кушта” ва “шиканҷа шаванд”, “мо ҳақ надорем, ки маконҳои фарҳангии онҳоро бирасем? Чунин намешавад”.

XS
SM
MD
LG