Додситонии кулли Узбекистон дар бораи ба поён расонидани таҳқиқи парвандаи нави марбут ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини он кишвар Ислом Каримов хабар дод.
Парванда моддаҳои тамаъҷӯӣ, дуздии пулҳои будҷа ва қонунисозии маблағҳои ҷиноиро дар кишварҳои хориҷ дар бар мегирад.
"Дар ҳоли ҳозир парвандаи ҷиноӣ бо хулосаи айбдорсозӣ ба додгоҳ ирсол шудааст", -хабар доданд аз Додситонии кулли Узбекистон.
Додситонии кулли Узбекистон моҳи гузашта хабар дод, ки зидди Гулнора Каримова бо гумони дуздии пули давлат, созиш алайҳи манфиатҳои кишвар ва азхудкунии амволи ғайр ба андозаи махсусан калон парвандаи нав боз шудааст.
Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд.
Ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Узбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.
Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.