Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хеши бемор табиби ӯзбекро аз чашм маҳрум кард


Ҷарроҳи навбатдори беморхонаи марказии ноҳияи Учқурғони Узбекистон Одилҷон Кулдошев дар натиҷаи ҳамлаи хеши яке аз беморон чашми рости худро аз даст дод. Дар ин бора ҳамкорони ҷарроҳ иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи яке аз шоҳидон, ҳодиса шаби 2 январи соли равон рух додааст. "Он шаб хеши ҷавони беморе, ки ба беморхона оварда буданд, ҷанҷол кард. Кулдошев марди хашмгинро хост, ором созаду ба кӯча бароварад. Вале ӯ баргашта, ба чашми рости табиб як мушт зад",-изҳор дошт яке аз ҳамкорони Кулдошев.

​Сухангӯи Вазорати тандурустии Узбекистон Фуркат Санаев гуфт, он шаб Кулдошев ба беморхонаи вилоятии Намангон интиқол дода шуда, 3 январ ҷарроҳии сахтеро пушти сар кард. "Сарфи назар аз талоши табибон ӯ як чашми худро аз даст дод",-афзуд ӯ.

Додситонии вилояти Намангон дар робита ба латтукӯби табиб парванда боз карда, тафтишот идома дорад. Марди ҳамлагар боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG