Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мавзӯи ҳамлаи эҳтимолӣ ба маконҳои фарҳангии Эронро дубора матраҳ кард


Маросими ҷанозаи Қосим Сулаймонӣ.

Президенти Амрико бори дигар мавзуи ҳамлаи эҳтимолии кишвараш ба ҷойҳои таърихӣ ва нуқтаҳои фарҳангии Эрон дар сурати вокуниши Теҳрон ба кушта шудани Қосим Сулаймониро матраҳ карда ва пурсидааст, чаро Амрико набояд даст ба чунин амал бизанад. Шуморе аз устодони донишгоҳҳо ва пажӯҳишгарон дар ИМА, ва низ қонунгузорони он кишвар гуфтаанд, ки ҳамла ба марказҳои фарҳангӣ, метавонад "ҷинояти ҷангӣ" ба ҳисоб равад. Мақомҳои эронӣ низ ба ин изҳороти Трамп вокунишҳои тунд нишон додаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед" пресс", Доналд Трамп ба хабарнигорон гуфтаааст, "онҳо иҷоза доранд мардуми моро бикушанд. Онҳо иҷоза доранд мардуми моро шиканҷа ва маҷрӯҳ бикунанд. Онҳо иҷоза доранд аз бомбаҳои канорироҳӣ истифода бикунанд ва мардуми моро мунфаҷир кунанд. Он вақт мо иҷоза надорем даст ба ҷойҳои фарҳангии онҳо бизанем?"

Хабаргузории "Рейтерз" низ изҳороти ба ин монандро нақл карда ва мегӯяд, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, чун Эрон шаҳрвандони амрикоиро куштааст, ӯ низ далеле надорад суроғи ҷойҳои фарҳангии Эрон наравад.

Доналд Трамп ҳамчунин барои бори чандум таҳдид кардааст, ки ба иқдомҳои интиқомҷӯёна аз сӯи Эрон барои куштани Қосим Сулаймонӣ, вокуниши шадид нишон хоҳад дод. Дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоии артиши Амрико дар субҳи ҷумъаи 3-юми январ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод -- пойтахти Ироқ, Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эрон ва чанд узви дигари нерӯҳои Қудс ва панҷ узви "Ҳашд Аш-Шаъбӣ"-и Ироқ кушта шуданд ва мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ таҳдид карданд, ки "интиқоми сахте" хоҳанд гирифт.

Оқои Трамп рӯзи шанбеи 4-уми январ дар "Твиттер"-и худ навишта буд, "агар Эрон ба амрикоиҳо ё манофеи Амрико ҳамла бикунад, мо 52 ҷойи Эронро ҳадаф қарор медиҳем. Бархе аз онҳо дар сатҳи бисёр боло ва муҳим барои Эрон ва фарҳанги Эрон, ва ба он ҳадаф, ва худи Эрон зарбаи хеле сареъ ва хеле сахт хоҳад буд. Амрико хоҳони таҳдиди бештаре нест".

Матраҳ шудани мавзуи ҳамлаи эҳтимолии Амрико ба ҷойҳои фарҳангӣ ва дорои арзиши таърихӣ, вокунишҳоеро ба миён овард. Аз ҷумла, шуморе аз қонунгузорони Конгресс изҳор кардаанд, ки чунин ҳамла ба ҷойҳои фарҳангӣ як кишвар, ба монанди даст задан ба "ҷинояти ҷангӣ" аст. Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" мегӯяд, раиси ҷумҳури Амрико дидгоҳҳои пажӯҳишгарон ва устодони донишгоҳҳоро, ки ҳамла ба марказҳои фарҳангӣ ҷинояти ҷангӣ хонда мешавад, радд кардааст.

Рӯзи гузашта Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар посух ба пурсиши яке аз шабакаҳои телевизионӣ роҷеъ ба ҳамлаи эҳтимолӣ ба ҷойҳои "фарҳангӣ" ва ин, ки чунин чизе метавонад дар радифи "ҷинояти ҷангӣ" бошад, посух дода буд, ки Амрико ҳамеша дар чаҳорчӯби қонун ҳаракат карда ва аз ин баъд низ қонунӣ амал хоҳад кард.

Оқои Помпео дар айни ҳол афзуда буд, феҳристи 52-гонае, ки барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон дар назар гирифта шудааст, "барои дифоъ аз амрикоиҳо аҳамият дорад". Оқоён Трамп ва Помпео ҷузъёте дар мавриди ин феҳристи 52-гона ироа накардаанд.

Мақомоти эронӣ низ ба ин изҳороти президенти Амрико вокунишҳои тунд нишон доданд. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи якшанбе дар паёми твтиттерии худ ҳадаф қарор додани марказҳои фарҳангиро "ҷинояти ҷангӣ" хонд.

Ба гузориши сайти расмии ҳукумати Эрон, Аббос Ароқчӣ, муовини вазири умури хориҷии он кишвар "эътирози шадиди Ҷумҳурии исломии Эрон нисбат ба изҳороти таҳдидомези ва нақзкунандаи қонунҳои байналмилалиро ба сафири Швейтсария расонидааст".

Оқои Ароқчӣ гуфтааст, "чунин таҳдиде ёдовари ҳуҷуми қавми муғул ва ё иқдомоти гурӯҳҳои террористӣ ва ҷинояткор дар тахриби марказҳои фарҳангӣ ва таърихӣ аст, ки тибқи қонунҳои байналмилалӣ намунаи боризи ҷинояти ҷангӣ ба шумор меравад".

Дар вокуниши дигар, Абдураҳим Мусавӣ, фармондеҳи кулли артиши Эрон иддао кардааст, ки ҳадафи Доналд Трамп аз ин паёмҳои ахираш дар мавриди ҳамла ба марказҳои фарҳангии Эрон, "зери соя қарор додан"-и амалиёти куштани Қосим Сулаймонӣ будааст.

Кушта шудани як паймонкори амрикоӣ дар ҳамлаи мушакии ду ҳафтаи пеш ба як пойгоҳи муштарак бо артиши Амрико дар Киркук, боиси ҳамлаи Амрико ба пойгоҳҳои катибаи "Ҳизбуллоҳ"-и Ироқ шуд. Дар ин ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ, 52 ниманизомӣ кушта шуданд. Ин ҳамла боиси тазоҳуроти ба шиддат хушунатбори нерӯҳои "Ҳашд Аш-Шаъбӣ" ва тарафдорони онҳо алайҳи Сафорати Амрико дар Бағдод дар ҳафтаи гузашта шуд.

Рӯйдодҳои ахири Ироқ бо кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, минтақаи Ховари Миёнаро вориди шароити навине кардааст ва бӯҳрони 41 соли ахир дар муносибатҳои Амрико ва Эронро низ вахимтар кардааст. Раҳбарони Ҷумҳурии исломии Эрон ба гирифтани "интиқоми сахт" таъкид кардаанд.

Мақомоти кишварҳои мухталиф Эрон ва Амрикоро ба хештандорӣ ва коҳиши таниш даъват кардаанд. Аммо Эрон гуфтааст, ки дар пайи интиқом аст ва посухи низомӣ хоҳад дод.

Шарҳҳоро бинед (11)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG