30 нафаре, ки дар натиҷаи суқути як ҳавопаймои мусофирбар дар Алмато захмӣ шуда буданд, ҳанӯз ҳам дар беморхона қарор доранд.
Департаменти тандурустии Алмато 5 январ гуфт, дар миёни захмиён 7 кӯдак низ бистарӣ ҳастанд. Як нафари онҳо дар шуъбаи эҳёгарӣ буда, се тани дигарро ба пойтахти Қазоқистон интиқол додаанд.
Табибон ҷамъан 22 ҷарроҳӣ анҷом додаанд. 27 декабр -- рӯзи суқути ҳавопаймо дар умум 69 кас ба беморхона интиқол дода шуданд.
Субҳи 27-уми декабр як ҳавопаймои ширкати ҳавоии "Bek Air" бо 93 мусофир ва 5 ҳайати парвоз, дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Алмато суқут кард.
Тибқи иттилои қаблӣ, ҳавопаймо дар ҳудуди ноҳияи Талгари вилояти Алмато дар наздикии шаҳраки Гулдала афтод. Дар натиҷаи садама як бинои истиқоматии дуошёна низ тахриб шуд.
Ҳавопаймоҳои ширкати Bek Air умдатан аз ҳавопаймои Fokker-100 иборат аст.