Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон ва Путин марги Сулаймониро баҳс карданд


Эмануэл Макрон, президенти Фаронса ва Владимир Путин, президенти Русия кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эронро дар тамоси телефонӣ муҳокима кардаанд.

Макрон ба Путин гуфтааст, ки бояд истиқлолияти Ироқ ҳифз шавад ва ба ноамнӣ дар минтақаи Ховари Миёна роҳ дода нашавад.

Бар асоси иттилои Қасри Елисей, президенти Фаронса гуфтааст, "Эрон бояд уҳдадориҳояш дар мавриди барномаи ҳастаиро иҷро кунад ва аз ҳамагуна иғво дурӣ ҷӯяд».

Дар сомонаи ҳукумати Русия гуфта шудааст, ки ду раҳбар гуфтаанд, "мумкин аст, марги генерал Сулаймонӣ вазъ дар минтақаро ба ҳам занад."

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи эронӣ рӯзи 3-уми январ дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ дар Бағдод кушта шуд.

XS
SM
MD
LG