Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳроб Зафар дубора раҳбари "Гурӯҳи 24" интихоб шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сӯҳроб Зафар (Тӯраев) барои чаҳор соли оянда раҳбари созмони “Гурӯҳи 24” интихоб шудааст. Фаъолияти созмон аз соли 2014 боз дар Тоҷикистон мамнуъст ва то кунун даҳҳо узви он боздошту зиндонӣ шудаанд.

Сомонаи расмии “Гуруҳи 24” хабар дод, ки интихоби раҳбари созмон рӯзи 3-юми январ баргузор шуд ва Сӯҳроб Зафар беш аз 55 дарсади раъйро ба даст овард. Нуриддин Ризоӣ, узви дигари "Гуруҳи 24" беш аз 44 дарсади овозро соҳиб шудааст.

Сӯҳроб Зафари 42-сола хоҳарзодаи генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев аст. Вай бори аввал охири соли 2015 ва баъд аз марги раҳбари пешини он Умаралӣ Қувватов раҳбарии “Гуруҳи 24”-ро ба уҳда гирифт.

Суҳроб Зафар бори аввал соли 2014 дар эътирозҳои созмондодаи ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Русия пайдо шуд ва баъдан раҳбари гуруҳ Умаралӣ Қувватовро дар Туркия ҳамроҳӣ мекард.

Қувватов – соҳибкори норозӣ аз ҳукумати Тоҷикистон, баъди тарк кардани кишвар дар хориҷа дар бораи ташкили созмони “Гурӯҳи 24” хабар дод. Ӯ моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия кушта шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ қатли ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ номиданд.

Созмони “Гурӯҳи 24” соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд, вале созмонҳои байналмилалӣ онро як созмони сиёсии мухолиф меҳисобанд.

То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми узвият ва тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошт ва баъзеи онҳо зиндонӣ шудаанд.

Як гуруҳ аз аъзои пешини ин гуруҳ баъди бозгашт ба Тоҷикистон афв шудаанд ва соли гузашта дар номае аз Додгоҳи олӣ хостанд, ки фаъолияти созмонро иҷоза бидиҳад, аммо дархости онҳо рад шуд.

Солҳои охир раҳбарони “Гурӯҳи 24” бештар тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG