Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Арзиши патент дар Маскав боло рафт. Муҳоҷирон розӣ нестанд

Аз оғози соли 2020 дар Маскав арзиши патент барои муҳоҷирон 7 дарсад афзоиш ёфт. Ҳамакнун коргарони хориҷӣ барои дарёфти иҷозаи кор дар пойтахти Русия ҳар моҳ бояд 5350 рубл бидиҳанд.

Афзоиши нархи патент бар асоси тағйирот ба қонуни андози шаҳри Маскав сурат гирифтааст. Соли 2018 арзиши иҷозаи кор дар Маскав моҳе 4500 рублро ташкил медод.

Шаҳрдории Маскав ба ҳисоби тахминӣ мегӯяд, соли 2019 буҷаи давлатӣ аз ҳисоби патенти муҳоҷирон 18 миллиард доллар пур шуд. Хабаргузории "Интерфакс" навишт, Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав ба ин бовар аст, ки коргари хориҷӣ бояд ҳатман андоз супорад.

"Муҳоҷирон набояд назар ба шаҳрвандони Русия ба кордиҳандагон арзон биафтанд," -- гуфтааст Собянин дар ҷаласаи шаҳри Маскав оид ба қонуншиканӣ рӯзи 28-уми октябри соли 2019. Ӯ илова кардааст: "Ҳамаи онҳое, ки ба Маскав барои кор меоянд, бояд андоз супоранд".

Аз соли 2020 арзиши патенти кор барои коргарони хориҷӣ дар минтақаҳои дигари Русия ҳам боло рафт.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи худи муҳоҷирон, дар шароити камбуди кор дар Русия, ки баъди ишғоли Қрим дар соли 2014 ва пуштибонии чудоиталабон дар шарқи Украина мавриди таҳрими Ғарб қарор гирифт, шароити кору даромад то рафт сангинтар мешавад.

Бисёре аз муҳоҷирон аз болоравии арзиши патент розӣ нестанд ва мегӯянд, даромаде, ки онҳо ба даст меоранд, бо харҷҳои ҳатмие, ки қонунҳои Русия муқаррар кардааст, мувофиқат намекунад.

Бар асоси иттилои манобеи мухталифи давлативу ғайридавлатӣ, соли 2019 беш аз 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҳадафи кору даромад қарор доштанд, вале ин дар муқоиса бо 6-7 соли пеш ба маротиб камтар аст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Думаи Русия ба сарвазир Мишустин ҳаққи эълони вазъи фавқулодаро дод

Вакилони Думаи Русия 31 март тарҳи наверо қабул карданд, ки бар пояи он сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин ҳуқуқ дорад, дар саросари Русия вазъи фавқулода эълон кунад.

Қонуни нав дар ҳоле тасвиб мешавад, ки шумораи гирифторони коронавирус дар Русия дар як шабонарӯз 27 дарсад боло рафт ва аз 500 ба 2337 нафар расид.

Бино бар қонуни нав барои онҳое, ки “дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ“ огоҳона ”иттилооти бардурӯғ паҳн мекунанд, панҷ соли зиндонва барои онҳзое, ки қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ, ба монанди карантинро намепазиранд, то ҳафт соли зиндон ҷазо муқаррар кард.

Гурӯҳи кории федералии зиддикоронавирусии Русия рӯзи 31 март гуфт, ки шумораи фавтидагон дар як шаб ҳашт нафарро ташкил дода, шумораи умуми онҳо ба 17 нафар расид. Мунаққидон ва ҳатто шаҳрвандони одӣ ба дурустии рақамҳои расмӣ шубҳа доранд ва шеваи санҷишҳоро қаноатбахш намешуморанд.

Ҳукумати Қирғизистон нақшаи кумак ба соҳибкоронро тасдиқ кард

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон нақшаи кумак ба соҳибкорони кишварашро тасдиқ кард. Дар ин бора аз маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар доданд.

Дар нақшаи тасдиқшуда чанд сабукӣ, аз ҷумла тамдиди муҳлати пардохти андоз пешбинӣ шудааст. Дар нақша ҳамчунин омадааст, ки соҳибкорон барои напардохтани андоз то 1 июл ҳеч гуна муҷозот нахоҳанд шуд.

Ба мақомоти маҳаллӣ пешниҳод шудааст, сар аз 1 апрел барои 3 моҳ аз иҷорашинони биноҳои давлатӣ ҳаққи иҷора талаб накунанд. Инчунин тавсия шудааст, ки давоми 3 моҳ неруи барқ, об, газ, хизматрасонии телефон ва Интернети соҳибкорон қатъ нашавад.

Дар се шаҳр ва се ноҳияи калони Қирғизистон сар аз 25 март ҳолати фавқулода эълом шудааст. Рӯзона ҳаракати одамон ва нақлиёт маҳдуд ва аз соати 20:00 то 07:00 қуюди шабгардӣ ҷорӣ шудааст.

То 31 март дар он кишвар 107 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.

Порлумони Украина қонуни фурӯши заминро қабул кард

Шаби душанбе ба сешанбеи 30 март порлумони Украина дар як ҷаласаи махсус қонун дар бораи фурӯши заминро қабул кард.

Ҷаласа қариб 12 соат давом ва нисфишабӣ ба поён расид. Ҷаласа бо баҳсу ҷанҷол хатм шуд. Ҷиноҳи “Платформаи мухолиф – Барои ҳаёт”, ки зидди қабули қонун буд, талоши барҳам задани кори порлумонро кард ва президенти Украина Владимир Зеленский маҷбур шуд, ду маротиба ба порлумон ояд ва вакилонро барои раъйи мусбат додан ташвиқ кунад.

Дар ниҳоят қонун бо 259 раъйи ҷонибдор қабул шуд.

Қонуни қабулшуда бозори заминро аз 1 июли соли 2021 таъсис медиҳад. То соли 2024 танҳо шахсони воқеӣ ҳаққи харидани заминро доранд, он ҳам на бештар аз 100 га. Баъд аз соли 2024 фурӯши замин то 10 ҳазор га ба роҳ монда шуда, шахсони ҳуқуқӣ ҳам ҳаққи хариди заминро соҳиб мешаванд.

Дар ҳамин ҳол азхудсозии заминҳои давлатӣ манъ мешавад ва хориҷиҳо танҳо дар сурате ба хариди замин ҳақ пайдо мекунанд, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ аксари сокинон ризоият диҳанд. Раъйпурсии умумӣ баъдтар баргузор хоҳад шуд. Дар ҳар сурат ширкатҳои офшорӣ, шахсони ҳуқуқии марбут ба шаҳрвандони Русия аз ҳаққи хариди заминҳои Украина маҳрум мешаванд.

Қонун дар бораи фурӯши замин яке аз ваъдаҳои интихоботии президент Владимир Зеленский аст.

Пештар аз ин гуфта мешуд, ки дар сурати қабули ин қонун созмонҳои молии аврупоӣ ба Украина 10 миллиард доллар қарз ҷудо хоҳанд кард.

Русия аз сохтани усули ташхиси дақиқи вируси корона хабар дод

Донишкадаи марказии илмиву пажуҳишии эпидемиологии Русия дастгоҳ ё василаи ташхиси дақиқи вируси коронаро сохт.

Ин ташхис аз санҷиш гузашта, барои истифода дар ҳудуди Русия сабт шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуотии Роспотребнадзор хабар дод.

Усули ташхиси нав номи "АмплиСенс Cov-Bat-FL"-ро гирифтааст.

Бино ба иттилои ситоди фаврии назорати вазъи вируси корона, дар 71 минтақаи Русия то санаи 30 март 1836 ҳолати гирифторӣ ба ин вирус сабт шудааст. 11 кас дар он кишвар аз вируси корона фавтидааст. Бештари гирифторон ба шаҳри Москва рост меояд. Дар ин шаҳр 1200 ҳолати гирифторӣ ва 7 ҳолати марг сабт шудааст.

Беморон дар Узбекистон пеш аз бистарӣ шудан бояд табибро ба хона даъват кунанд

Нурмат Отабеков, мудири муассисаи давлатии санитариву эпидемиологии Узбекистон шарҳ дод, ки дар шароити маҳдуд будани ҳаракати нақлиёт беморон чи гуна метавонанд то бемористон расанд.

Отабеков гуфт, роҳи ягонаи бистарӣ шудан дар бемористон – даъвати табибон ба манзил аст. “Агар шумо табибонро ба манзил даъват кунед, дар ҳолати зарурат шуморо ба бемористон интиқол медиҳанд”, - гуфт вай.

Отабеков ҳамзамон афзуд, дорухонаҳо сокинони навоҳӣ ва деҳотро бо дору таъмин мекунанд.

Ин масъули муассисаи давлатии санитариву эпидемиологии Узбекистон гуфт, афроде, ки мехоҳанд, дар мубориза ба зидди вируси корона ба ҳайси табиб саҳм гузоранд, бояд дар рӯйхати табибони эҳтиётӣ сабти ном шаванд. Вай гуфт, ҳар 14 рӯз табибон иваз мешаванд ва ба табибони нав эҳтиёҷ пайдо мегардад.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон 158 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.

Меҳмонхонаи Hilton дар Душанбе фаъолияташро муваққатан қатъ кард

Меҳмонхонаи "Hilton"-и Душанбе бо нашри баёнияе иттилоъ дод, ки фаъолияташро ба таври муваққатӣ қатъ мекунад. Ин меҳмонхонаи 5-ситорадори Душанбе тасмимашро ба паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон, қатъ шудани парвозҳо ва коҳиши муштариҳо рабт дод.

Мудири кулли Hilton дар саҳифаи расмии меҳмонхона дар Фейсбук навишт, аз 1-уми апрел фаъолияти меҳмонхонаро муваққатан бозмедоранд ва талабу дархостҳоро барои баргузории чорабиниҳо ва иҷораи утоқҳо намепазиранд.

Ин меҳмонхона ҳамзамон эълон накардааст, ки фаъолияти худро дигарбора кай аз сар мегирад.Павел Йиндра, менеҷери кулли Hilton Dushanbe дар ин паём навиштааст, дигаргуниҳо роҷеъ ба паҳншавии коронавирус ва оғози дигарбораи парвозҳоро аз наздик пайгирӣ мекунанд ва дар ҳолати тағйири вазъ, муштариёнашонро огоҳ месозанд.

Меҳмонхонаи панҷситорадори "Hilton" дар моҳи сентябри соли 2014 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар оғоз он "Шератон" ном дошт ва бо харҷи 275 миллион сомонӣ ё ҳудуди 55 миллион доллар аз сӯи ширкати хусусии СИ ЕЙ ЧЕЛ-и Ҳиндустон бунёд шуд.

Ин меҳмонхонаи 15-табақа дорои 148 утоқ буда, барои қабули ҳатто меҳмонони сатҳи баланд низ пешбинӣ шудааст. Меҳмонхона дорои толорҳои маҷлису гуфтушунид, ду тарабхона ва толорҳои варзишӣ мебошад.

Аз ин пеш, меҳмонхонаи "Ҳаят реҷенсӣ" дар Душанбе дар вебсайти худ гуфта буд, ки дар фаъолияти худ маҳдудиятҳоеро роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи намояндагони меҳмонхона, камбуди сайёҳон онҳоро водор кардааст, ки ба чунин иқдом даст зананд. Вале манбаъ афзудааст, ки роҳбарияти меҳмонхона тасмим гирифтааст, ки фаъолиятро пурра қатъ накунанд ва ба бозсозии биноҳо машғул шаванд.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон – "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ва чаҳор фурудгоҳи байналмиллалии кишвар низ бархе аз кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристодаанд.

Куштори 28 сарбоз дар Афғонистон ва ба таъхир уфтодани озодкунии Толибон

Таҳаввулоти ахир дар ҳолест, ки Афғонистон бо коронавирус ҳам дастбагиребон аст

Мақомот гуфтанд,ки дар чанд ҳамлаи ахир ҷангҷӯён дар Афғонистон 28 узви нирӯҳои амниятиро куштанд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумат барномаи озодкунии Толибони зиндониро ба таъхир гузошт. Рӯзи 29 март гурӯҳи ҷангҷӯён ба қароргоҳи полиси вилояти Тахор ҳуҷум карда, 13 афсари полисро кушта бар ҷой гузоштанд. Дар ин ҳодиса як ходими аршади полис маҷрӯҳ шуд. Дар вилояти Зобул рӯзи 29 март ҷангҷӯёни Толибон ба посгоҳҳои амниятии ҳукуматӣ ҳамла карда, дастикам 11 сарбозро куштанд. Дар ҳамлаҳои вилоятҳои Ҳилманду Бағлон чор узви нирӯҳои давлатӣ кушта шуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 31 март Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гуфт, ки ҳукумат барномаи озодкунии 100 зиндонии Толибонро ба таъхир мегузорад. Созиш дар заминаи озодкунии зиндониҳои сиёсии ҳукуматӣ ва шӯришиён дар чаҳорчӯби қарордоди сулҳи ИМА ва Толибон дар моҳи феврал ҳосил шуда буд.

Ҳодисаҳои нави олудашавӣ ба вирус дар Чин сабт шудааст

Роботе дар Вуҳан кӯчаҳоро "дезинфексия" мекунад

Чин гузориш дод, ки баъди чор рӯзи камшавии ҳодисаҳои нави олудашавӣ ба коронавирус, рӯзи 31 март дубора афзоиши ҳодисаҳои олудашавӣ мушоҳида шудааст. Чин, ки сарчашмаи пайдоиши коронавирус маҳсуб меёбад, гуфт, ки 48 ҳодисаи нави гирифторшавӣ ба коронавирус дар афроде мушоҳида шудааст, ки аз хориҷа олуда шуда омадаанд. Дар шаҳри Вуҳан, макони пайдошавии вирус даргузашти як нафар бар асари Ковид-19 гузориш шуд, вале мақомот гуфтанд, азбаски дар дохили кишвар дигар ҳодисаҳои одудашавӣ вуҷуд надорад, шаҳр ва вилояти Ҳубей барои боз кардани марзҳояш наздик мешавад. Вале мутахассисон бо назардошти як кишвари баставу ноозод ва шадидан назоратшаванда будани матбуоти Чин мегӯянд, ба ин изҳороти мақомот набояд зиёд эътимод кард.

Дар ИМА ҳодисаҳои олудагӣ аз 164 ҳазор нафар бештар шуда, дар кишваре бо 330 миллион ҷамъият озмоишҳои бештари тиббӣ вазъи воқеии гирифторонро рӯшантар собит мекунад.

Аз замони шурӯи паҳншавии пандемияи коронавирус, дар саросари сайёра то ҳол 37638 нафар ҷон додаанд.

Садама дар Ваҳдат. Ду нафар ҷон бохта, ду каси дигар маҷруҳ шуданд. ВИДЕО

Ҳалокати ду нафар дар садамаи шаҳри Ваҳдат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:38 0:00

Дар натиҷаи садамае дар шаҳри Ваҳдат ду нафар ҷон бохта, ду каси дигар дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Мақомоти корҳои дохилӣ гуфтанд, ҳодиса рӯзи 30-юми март рӯй дод. Ба иттилои расмӣ, ронандаи 71-сола Боймаҳмад Одинаев идораи мошинро аз даст дода, боис ба садама шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар иттилоияе гуфт, Одинаев савори "Лексус-РХ-350" ҳангоми ҳаракат дар рӯ ба рӯи бозори "Автостансия"-и шаҳри Ваҳдат ба худрави тамғаи "Мерседес-Бенс" бархӯрдааст.

Баъди садама ӯ хостааст, мошинро ба қафо ҳаракат диҳад, вале сокинони дар истгоҳ истодаро пахш кардааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин ҳодиса ду зани пиёдагард - Файзимо Холмуродоваи 37-сола ва Хиромон Комиловаи 47-сола ҷон доданд.

Шоҳидон навори лаҳзаи садамаро ба Радиои Озодӣ фиристода ва гуфтанд, ронандаи мошин бемори қанд буда, бо хуруҷи ин беморӣ назорати мошинро аз даст додааст.

Ҳанӯз наздикони фавтидаҳо ва маҷруҳон дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Фавти шаҳрванди дувуми Қазоқистон аз коронавирус

Қазоқистон, 18 март, 2020.

Сардори Идораи тандурустии шаҳри Нурсултон Сауле Кисикова рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар яке аз бемористонҳои пойтахти Қазоқистон як бемор бар асари коронавирус ҷон бохтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин марди 50-соларо 21-уми марти соли равон кормандони "ёрии таъҷилӣ" ба беморхона интиқол дода буданд. "Як моҳ беморӣ кашидааст. Ӯ ба хотири сафари хидматияш ба ёрии тиббӣ муроҷиат накардааст. Ҳоло ҷамъан 31 нафар аз аъзои хонавода, дӯстон ва ҳамкоронаш бистарӣ карда шудаанд",-афзуд Кисикова.

Ҳамчунин 50 каси дигар, ки бо ин мард тамос доштанд, карантини хонагӣ ва дар ду узви хонаводааш коронавирус ошкор карда шудааст.

Мақомоти Қазоқистон 26-уми март аз нахустин қурбонии коронавирус дар ин кишвар хабар доданд. Зани 64-солаи мубтало ба коронавирус аз вилояти Акмолин дар бемористони Нурсултон ҷон бохта буд.

Дар Қазоқистон то 31-уми март 325 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, ҳамакнун шумори фавтидагон аз он ба ду кас расид.

Парванда алайҳи як мард дар Тошканд барои баргузории арӯсии духтараш

Узбекистон тадбирҳои сахт ҷорӣ кардааст.

Пулиси ноҳияи Юнусободи Тошканд зидди як сокини 55-солаи маҳаллӣ барои баргузор кардани маросими арӯсии духтараш бо иштироки дӯстони хонаводаи худу домод парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба огаҳии пулис, дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қонунгузории санитарӣ ё қоидаҳои мубориза бо бемориҳои сироятӣ"-и Кодекси ҷиноии Узбекистон парванда боз карда шудааст.

Ин банд ҷарима ба андозаи аз 11,1 миллион то 22,3 миллион сӯм (1150-2300 доллари амрикоӣ), маҳдуд кардани озодӣ аз 1 то 3 сол ё маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати то 5 солро пешбинӣ мекунад.

Пештар низ хабар дода шуд, ки сокинони шаҳри Тошканди Узбекистон 27 март сарфи назар аз эъломи карантин кушиш карданд, ки дар саҳни яке аз биноҳои баландошёнаи зисти ноҳияи Чилонзор тӯй баргузор кунанд. Нақзкунандагони карантин ба маблағи беш аз 1 миллион сӯм (100 доллар) ҷарима карда шуданд.

Дар Узбекистон ба иллати коронавирус аз 16 март карантин эълом шудааст. Ҳамчунин аз 27 март сокинони ин кишвар вазифадор шудаанд, ки бидуни зарурат ба берун набароянд. Онҳо танҳо ба хотири хариди дору ва ғизо ҳаққи берун рафтанро доранд.

Дар ин кишвар то рӯзи 31 март шумори мубталоён ба коронавирус ба 158 нафар расида, 7 нафар шифо ёфтанд ва ду кас ҷон бохтанд.

Тошканд ирсоли ҳавопаймо барои овардани муҳоҷиронро рад кард

Бинои вазорати умури хориҷии Узбекистон.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 30-юми март хабар дод, ки барои баргардонии муҳоҷирон аз Русия ҳавопаймо фиристода намешавад.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо паҳн мешавад, ки гӯё рӯзҳои наздик ба Русия ҳавопаймо ирсол мегардад. Қаллобон пулҷамъкуниро аз хоҳишмандони баргаштан ба ватан шуруъ кардаанд ва "рӯйхат"-и мусофиронро ҳам тартиб медиҳанд",-иттилоъ додааст ВКХ.

Вазорат муҳоҷиронро огоҳ кардааст, ки фиреби қаллобонро нахӯранд ва ба хабарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд. "Аз 30 март то 20 апрел тамоми фурудгоҳҳои Узбекистон фаъолияташонро қатъ ва парвозҳоро манъ кардаанд",-омадааст дар хабари вазорат.

Вазорат ҳамзамон ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки ба хотири эмин мондан аз мубталошавӣ ба вируси корона макони зисти муваққат ва ё доимии худро тарк накунанд.

Гардиши қатора миёни Узбекистону Русия аз 16 март қатъ гардида, 18 март хабар расид, ки баъди қатъи парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар ҳазорон узбекистонӣ наметавонанд, ба ватанашон баргарданд.

Сафорати Узбекистон дар Москва аз муҳоҷирон дархост кардааст, ки вазъро дуруст дарк кунанд ва ба иғвову воҳима дода нашаванд.

То имрӯз дар Узбекистон 149 кас ба вируси корона мубтало шуда, 2 тан фавтидааст. Ҳамзамон 7 нафар шифо ёфтааст.

RSF хадамоти махсуси Покистонро дар нопадидшавии журналист дар Шветсия гумонбар медонад

Саҷид Ҳусайн аз рӯзи 2 март ба ин сӯ бедарак аст

Созмони Гузоришгарони бидуни марз (RSF) тахмин кардааст журналисти покистоние, ки тахминан як моҳ шуд дар Шветсия нопадид шудааст, метавонист аз ҷониби оҷонсии иттилооти Покистон рабуда шавад.

Саҷид Ҳусайн, сардабири вебсайти хабарии Balochistan Times рӯзи 2 март дар шаҳри шведии Уппсала нопадид шуд. Ӯ бо нашри матолиби марбут ба поймолшавии ҳуқуқи инсон дар қаламравҳои ҷанубуғарби Покистон маъруф буд.

Эрик Ҳалкяер, раҳбари бахши шведии созмони RSF бо пахши изҳороте рӯзи 30 март гуфт, “бо назардошти ҳамлаҳои ахир ва озори журналистони покистонӣ дар Аврупо, мо ин воқеиятро нодида гирифта наметавонем, ки нопадидшавии ӯ ба кораш марбут мебошад”.

Дениел Бастард, раиси бахши Осиёву Уқёнусияи созмон гуфт, ки “ҳама нишонаҳои нопадидшавии маҷбурӣ вуҷуд дорад”. Ӯ афзуд, “агар аз худ бипурсед, ки дар хомӯш кардани журналисти дигарандеш кӣ манфиатдор аст, пеш аз ҳама ба хадамоти иттилооти Покистон ишора мешавад”.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз мегӯяд, ки вебсайти The Balochistan Times “бисёр вақт хати сурхи аз ҷониби мақомоти интизомии Исломобод кашидашударо убур мекард”.

CPJ ё Кумитаи ҳимоят аз журналистон, мақарраш дар Ню-Йорк аз мақомоти Шведсия тақозо кард, ки корҳои ҷустуҷӯи журналистро суръат бахшанд.

Ҳуссайн баъди таҳдидҳои зиёд соли 2012 Покистонро тарк кард ва пеш аз он ки соли 2017 дар Шведсия паноҳанда шавад, дар чандин кишвар зиндагӣ кард. Рӯзи 2 март ӯ ба як қатори самти Уппсала савор шуд, дар 45 дақиқа ба ин шаҳр расид ва баъди ин ҳеҷ нишоне аз ӯ вуҷуд надорад.

Ширкати гази Полша гуфт, дар баҳси нарх бо Газпроми Русия $ 1,5 миллиард бурдааст

Ширкати Газпроми Русия гуфт, ки қарори додгоҳи Стокҳолмро мавриди таҳлил қарор додааст

Азимтарин ширкати давлатии тақсимкунандаи гази Полша гуфт, ки дар баҳси бисёрсолаи 1,5 миллиарддолларии нархи газ бо ширкати русии Газпром дар додгоҳи байналмилалии Шведсия пирӯз омад.

Ширкати гази давлатии Полша (Polskie Gornictwo Naftowe i Gazownictwo) рӯзи 30 март бо нашри изҳороте гуфт, ки ин маблағ подоши ниҳоии қарордоди соли 1996 мебошад.

Ин созиш пардохти маблағи барзиёд ба иловаи нархи муқарарршударо тақозо мекард. Ширкати гази Полша гуфт, ки давоми солҳои зиёд Газпром аз онҳо пардохти арзиши иловагиро тақозо мекард ва ҳамакнун муваззаф шуд, ки 1,5 миллиард долларро ба ширкати Полша баргардонад.

Мӯҳлати маблағи барзиёд пардохтшуда аз 1 ноябри соли 2014 то 29 феврали соли 2020-ро дар бар мегирад.

Ширкати Полша гуфт, ки додгоҳе дар Стокҳолм амр дод, ки Газпром формула ё шеваи нархгузориро бо назардошти квотаи бозор тағйир диҳад ва ин чиз шароити фаъолиятҳои тиҷоратиро беҳтар мекунад.

Оҷонсии Ройтерс навишт, ки намояндагии Газпром дар вокуниш гуфтааст, қарори додгоҳи ҳакамии Стокҳолмро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Дар изҳороти Газпром гуфта мешавад, ки “ҳанӯз маълум кардани ҳаҷми пардохтҳои эҳтимолӣ барвақт аст”.

Полша, ки ба хотири ҳанӯз замони Шӯравӣ эҷод шудани роҳҳои транзити газ ба Аврупо, нисфи гази аз Русия интиқолшавандаро истифода мекунад.

Ҳукми додгоҳ як зарбаи дигар ба Газпром аст, чун лӯлаи гази зерибаҳрии он бо номи “Северный поток 2”, ки гази русиро ба Олмон интиқол медиҳад, бо таҳдиди таҳримҳои ИМА рӯбарӯ шудааст.

Ширкати гази русӣ соли гузашта дар як баҳси дигари байналмилалии додгоҳӣ дар баробари ширкати Нафтогази украинӣ мағлуб ва вазифадор шуд, ки тахминан 3 миллиард долларро ба ин ширкат пардохт кунад.

ИМА таҳримҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эронро тавсеа дод

Реактори оби сангини Ароқ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таври истисноӣ барои 60 рӯзи дигар иҷоза дод, ки ширкатҳои Русияву Чин ва кишварҳои аврупоӣ ба корашон дар иншооти атомии Эрон идома диҳанд. Ширкатҳои мазкур асосан дар нерӯгоҳҳои атомӣ кор мекунанд.

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 30-юми март тамдиди мӯҳлати таҳримҳоро тасдиқ кард ва таъкид намуд, ки ин қарор фаъолиятҳои ҳастаии Эронро маҳдуд мекунад.

Морган Ортагус, сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, ки “Тавсеаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ғайриқобили қабул аст.”

Доналд Трамп, президенти ИМА баъди тарки созиши ҳастаӣ бо Эрон карданаш дар соли 2015, нисбати Теҳрон таҳримҳои сахттари иқтисодӣ ҷорӣ кард ва бештарини ин таҳримҳо ба содироти нафт рабт гирифт. Ин созиш соли 2015 миёни Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ имзо шуд ва бар ивази бекор шудани таҳримҳо аз Эрон тағйири рафтор карданро тақозо мекард.

Баъди соли 2018 Вашингтон маъракаи “фишори ҳадди аксар” болои Эронро роҳандозӣ кард, то фаъолиятҳои минтақавии Эрон камтар ва барномаи ҳастаиаш маҳдуд шавад.

Таҳримҳои тамдидшуда идомаи фаъолиятҳои марбут ба адами густаришро дар реактори Ароқ, корхонаи ҳастаии Бушеҳр, реактори таҳқиқотии Теҳрон ва дигар фаъолиятҳоро дар назар мегирад.

Дар оғози моҳи март Оҷонсии нирӯи атомии СММ гуфт, ки Эрон ба нозирони ин созмон имкони боздид аз ду маконе, ки эҳтимолан он ҷо фаъолиятҳои ҳастаӣ ҷараён дорад, надод. Ин ниҳод гуфт, ки Теҳрон маҳдудиятҳои дар соли 2015 муқарраршуда дар шумори захирагоҳҳои уранро нақз кардааст.

Мақомоти Эрон сиёсатҳои ИМА-ро интиқод карда гуфтаанд, ки таҳримҳои ҷоришуда имконияти ин кишварро дар муқобила бо пандемияи коронавирус осеб мерасонад. Дар Эрон то имрӯз беш аз 41 ҳазор ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус, аз ҷумла 2700 ҳодисаи марг ба қайд гирифта шудааст.

Ҷавонеро барои латту кӯби як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дастгир кардаанд

Илҳомҷон Ёқубов дар Литва ҳаққи паноҳандагӣ гирифтааст.

Пулиси шаҳри Каунаси Литва як нафарро бо иттиҳоми ҳамла ба Илҳомҷон Ёқубов, яке аз мухолифони фаъоли ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави он кишвар боздошт кардааст.

Пулиси шаҳри Каунас рӯзи 30-юми март дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, кормандони пулис дар ҷойи ҳодиса шахси ҳамлаварро муайян карданд, ки "шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодаи соли 1993" мебошад.

Дар посух аз ин бештар иттилое надодаанд ва ному насаби фарди муттаҳам ба ҳамла, ангезаҳои ӯ барои латту кӯби Илҳомҷон Ёқубовро нагуфтаанд.

Айни замон пулиси Литва ба нашрияи LRT.lt гуфтааст, ҳамлавар шахсеро ҳадаф гирифтааст, ки Литва ба ӯ ҳаққи паноҳандагӣ додааст ва аз мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон аст. Илҳомҷон Ёқубов рӯзи 30-юми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин муддат муфаттишон танҳо як дафъа ӯро ба шахси ҳамлавар рӯ ба рӯ карданд ва бинобар хуруҷи короновирус идомаи тафтишот ба таъхир афтод.

Ёқубов афзуд, пулис аз ӯ хостааст, ба далели халал наёфтани тафтишот номи муттаҳам ба ҳамларо ошкор накунад. "Барои ман, ҳанӯз ангезаи ҳамлавар аниқ маълум нест", - гуфт ӯ.

Илҳомҷон Ёқубов субҳи душанбеи рӯзи 16-уми март дар мошини шахсе, ки қаблан ӯро мешинохт ва равобити тиҷоратӣ дошт, аз сӯи шахси севвум мавриди ҳамла қарор гирифт. Мегӯяд, ки ташхис нишон дод, мағзаш осеб дидааст ва устухони бинӣ ва қарбурғааш лат хӯрдаанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи латту кӯби Илҳомҷон Ёқубов шарҳе ва ё баёнияе надодаанд.

Илҳомҷон Ёқубов, муштзан ва қаҳрамони собиқи Осиёи Марказӣ, то соли 2014 раҳбари намояндагии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд. Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо, ки ӯ раҳбарӣ мекунад, яке аз чаҳор созмони узви Паймони миллии Тоҷикистон мебошад, ки як эътилофи созмонҳои мухолифи давлат аст ва аъзои он дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунанд.

Давлати Тоҷикистон ин паймонро созмони ифротгаро эълон кардааст. Худи Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ба зидди ӯ, бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ва даъвати оммавӣ барои ифротгароӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Баъди латту кӯби фаъоли сиёсии тоҷик, Дидбони Ҳуқуқи Башар як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ дар Ню-Йорк дар як изҳороте навишт, Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб мухолифонро таъқиб мекунад ва асосан дар Иттиҳоди Аврупо.

Созмон дар ин баёния хост, “Мақомоти Литва амнияти Ёқубовро таъмин кунад ва ҳамлаваронро ба ҷавобгарӣ кашида, фармоишгари ин ҳамларо муайян кунанд”.

Муҷозоти табибоне, ки зани мубтало ба коронавирусро бистарӣ накарданд

Алмато, Қазоқистон, 24 март, 2020.

Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон шоми 30 март хабар дод, ки сардухтури хадамоти ёрии таъҷилии вилояти Акмола ва роҳбари раёсати тандурустии вилоят баъди марги сокини 64-солаи маҳаллӣ танбеҳ гирифтанд.

Ин сокин ҳафтаи гузашта аз вируси корона фавтид. Вай нахустин қурбонии вируси корона дар Қазоқистон буд. Марги сокини 64-сола баҳсҳои зиёдеро дар Қазоқистон ба бор овард. Писари зан табибонро дар марги модараш айбдор кард. Ба гуфтаи вай, табибон нахостанд, ки модарашро бистарӣ кунанд ва дар ниҳоят модари вай вафот кард.

Раёсати тандурустии вилояти Акмола тафтиши хизматиро шуруъ кард. Тафтиш муайян кард, ки табибон "эҳтимоли ба коронавирус" мубтало будани занро ҷиддӣ нагирифта ва ӯро ба бемористон набурдаанд.

"Мо ин ҳолатро ҷиддан омӯхтем ва барои такрор нашудани ҳолатҳои ҳамсон дар оянда чораҳои иловагӣ меандешем",-гуфт вазири қазоқ.

То субҳи 31-уми март дар Қазоқистон 308 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Мақомот мегӯянд, аз ин вирус дар Қазоқистон як зан вафот кардааст. Сар аз 16-уми март дар он кишвар ҳолати фавқулодда эълом ва вориду хориҷшавӣ ва гардиш дар дохили шаҳрҳои сераҳолии Қазоқистон маҳдуд шудааст.

Арӯсӣ дар Қирғизистон бинобар коронавирус онлайнӣ баргузор шуд

Искандар ва Юля дар Бишкек бинобар коронавирус маросими арӯсии худро онлайни баргузор карданд.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ду ҷавон - Искандар ва Юля ба иллати коронавирус ва эъломи вазъи фавқулода дар шаҳр маҷбур шуданд, тӯйи худро онлайнӣ баргузор кунанд.

"Мо оромиро ҳифз карда, дар хона қарор дорем. Аз наздикону пайвандони худ низ даъват мекунем, ки дар хона бимонанд. Бояд хушҳол буд, ки мо метавонем бо ҳам бошем", - мегӯяд Юля Холмурзоева.

"Бар иловаи ин, мо дар хона 30 кило гречка ва коғази ташноб ҳам дорем", - изҳор медорад Искандар.

Искандар ва Юля барои ба расмият даровардани ақди никоҳи худ ҳанӯз пеш аз эъломи вазъи фавқулода дар Бишкек ба идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС муроҷиат карда буданд. Вале онҳо баъди манъи даромаду баромад аз шаҳр тасмим гирифтанд, тӯйро лағв накунанд.

Онҳо баъди ба расмият даровардани ақди никоҳи худ тӯйи арӯсиро бар асоси тавсияҳои Вазорати тандурустии Қирғизистон баргузор карданд: домоду арӯс бо ниқоби тиббӣ ва табрикоти фосилавӣ.

Ба нахустин тӯйи арӯсии онлайнӣ дар Қирғизистон ҳудуди 40 кас даъват шуда буд. Видеои тӯй низ дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст.

Дар се шаҳри бузургтарин ва пойтахти Қирғизистон аз 25-уми март вазъи фавқулода эълом шудааст. Равуои рӯзонаи сокинон ва воситаҳои нақлиёт маҳдуд ва аз соати 20:00 то 07:00 соати комендантӣ эълом шудааст.

Дар Қирғизистон то 30-юми март 94 кас ба коронавирус мубтало шудааст.

Ҳукумати Қирғизистон соати комендантии шабонарӯзиро рад кард

Шаҳри Бишкек, 31 март, 2020.

Ҳукумати Қирғизистон хабарҳо дар бораи эъломи соати комендантии шабонарӯзиро дар саросари ин кишвар рад кард.

Ба огаҳии девони вазирони Қирғизистон, "хабарҳои паҳншуда дар паёмакрасонҳо, ки гӯё аз рӯзи чоршанбе дар саросари ин кишвар соати комендантии шабонарӯзӣ эълом мешавад ва бояд маҳсулоти ғизоиро захира кард, ҳақиқат надоранд. Дар ҳоли ҳозир эъломи чунин ҳолат баррасӣ карда намешавад".

"Дар рафти нишасти хабарӣ муовини аввали сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов гуфт, ки дар кишвар тадбирҳои амниятӣ пурзӯр шуда, сокинон ба хотири ҳифзи саломатии худу наздиконашон бояд равуои рӯзонаи худро дар кӯчаҳо маҳдуд кунанд",-омадааст дар иттилоия.

Дар се шаҳри бузургтарин ва пойтахти Қирғизистон аз 25 марти соли равон вазъи фавқулода эълом гаштааст. Равуои рӯзонаи сокинон ва воситаҳои нақлиёт маҳдуд ва аз соати 20:00 то 07:00 соати комендантӣ эълом шудааст.

Дар Қирғизистон то 30-юми март 94 кас ба коронавирус мубтало шудааст.

Трамп ва Путин нафту коронавирусро баррасӣ карданд

Владимир Путин ва Доналд Трамп.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Русия хабар дод, ки президенти ин кишвар Владимир Путин ва ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп рӯзи 30-юми март суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Ба иттилои манбаъ, ин тамос бо ташаббуси ҷониби Амрико сурат гирифтааст.

Ҷонибҳо мушкилоти марбут ба паҳни коронавирусро дар ҷаҳон баррасӣ ва дар бораи чораҳое, ки дар ҳар ду кишвар андешида мешавад, табодули афкор намуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия, Путин ва Трамп ҳангоми баррасии вазъ дар бозори ҷаҳонии нафт созиш карданд, ки машваратҳои ду кишварро дар ин замина дар сатҳи вазоратҳои энержӣ роҳандозӣ кунанд.

Путин ва Трамп ҳамчунин дар бораи идома додани тамосҳои шахсиашон ба созиш расидаанд.

Тавре пештар расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, Трамп гуфт, тасмим дорад, "ҷанг" дар бозори нафт миёни Русия ва Арабистони Саудиро баррасӣ кунад.

Таърихи нави баргузории бозиҳои олимпии Токио 2020 маълум шуд

Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ

Бозиҳои Олимпии Токио рӯзи 23 июли соли 2021 шурӯъ шуда, то 8 август идома мекунад. Санаи нави бозиҳо баъди он маълум шуд, ки бозиҳои имсолаи олимпӣ бо сабаби пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба таъхир уфтод. Қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар ин замина рӯзи 30 март дар ҷаласаи шӯрои кумита қабул шуд. Исми бозиҳо тағйир намеёбад ва бо ин ки дар соли 2021 баргузор мешавад, таҳти номи “Токио 2020” хоҳад гузашт.

Бозиҳои паралимпӣ, ки бояд 25 августи имсол шурӯъ мешуд, дар таърихи 24 август то 5 сентябри соли 2021 барпо хоҳанд шуд.

Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт: “Бовар дорам, ки ҳамроҳ бо ташаббускорони кумитаи тадорукотии Токио 2020, ҳукумати шаҳри Токиову Ҷопон ва дигар дастандаркорон, мо бар чолишҳои ғайримуқаррарӣ пирӯз мешавем”. Ӯ гуфт, “башарият худро дар дохили як нақби торике мебинад. Бозиҳои олимпии Токио 2020 метавонад рӯшноие дар охири ин нақби торик бишавад”.

Дар Самарқанд мардеро барои дурӯғпароканӣ дар бораи вирус ҳабс карданд

Чораҳои сахтгирона дар Узбекистон барои пешгирии коронавирус.

Як сокини 43-солаи ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанди Узбекистон бо айби паҳнсозии маълумоти бардурӯғ дар бораи маргу мир аз вируси корона, 30 рӯз ҳабс шуд. Вай овоза паҳн кардааст, ки "ҳамсояаш аз вируси корона мурдааст".

Рӯзи 29 март додгоҳи ноҳияи Пахтачин ӯро дар “вайронсозии тартиботи ҷамъиятӣ дар шароити ҳолати фавқулода” айбдор ва 30 рӯз ҳабс кард.

Ин мард шунидааст, ки рӯзи 25 март “ҳамсояаш аз истифодаи аз меъёр зиёди машруб фавтидааст”. Баъдтар вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки “сокини маҳаллаи “Том”-и ноҳияи Пахтачин ба вируси корона мубтало шуда, машруби зиёд нӯшид ва вафот кард”.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 26 март президенти Узбекистон тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекси ҷавобгарии маъмуриро имзо кард.

Бино ба тағйироти нав, ҷавобгарӣ барои паҳнсозии иттилои бардурӯғ дар Узбекистон сахттар шудааст.

Идомаи коҳиши нархи нафт дар пайи паҳншавии коронавирус

Дар пайи густариши коронавирус, қимати нафт ҳамоно дар ҳоли поин рафтан аст.

Навъи нафти WTI бори аввал дар бозори ҷаҳонӣ, аз соли 2002 ба ин тараф, ба 20 доллар барои як бушка баробар шуд. Нафти навъи Brent каме бештар аз 23 долларро ташкил медиҳад.

Аз оғози моҳи март арзиши нафт қариб 50 дарсад коҳиш ёфт. Қоҳиши қимати нафт дар пайи он сар зад, ки Русия аз маҳдудсозии истихроҷи он худдорӣ кард. Арабистони Саудӣ пешниҳод дошт, ки дар пайи бемории COVID-19, бо ҳадафи ҳифзи иқтисод, истихроҷи нафт кам карда шавад. Аммо Русия розӣ нашуд ва ба истихроҷи ҳаҷми маъмулӣ идома дод.

Дар ИМА дар натиҷаи ба созиш нарасидани кишварҳои асосии истихроҷкунандаи нафт ва хуруҷи коронавирус талабот ба нафт то ҳадде пойин рафтааст, ки истеҳсолкунандагон барои интиқоли ҳар бушка нафт ба истеъмолкунандагон 19 сенти иловагӣ пардохт мекунанд. Зеро анборҳои истеҳсолкунандагон пур шуда, ғунҷоиши нафти иловагиро надоранд.

Табиби узбек аз зарби корд захмӣ шуд

Карантин дар Хоразм.

Дар ноҳияи Шовоти вилояти Хоразми Узбекистон табибе, ки вазъи сиҳатии сокинонро дар ҳолати карантин назорат мекард, 24 март захми корд бардоштааст.

Як манбаъ дар ҳукумати вилояти Хоразм бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҳодиса шаби 24 март дар қисми низомие рух додааст, ки дар он шаҳрвандони аз хориҷ баргаштаро ба карантин гирифтаанд.

"Ин қисми низомӣ дар наздикии деҳаи мо аст. Онҷо онҳоеро дар карантин нигаҳ медоранд, ки аз Дубай ва Русия омадаанд. Як сарбози қисми низомӣ гуфт, табиб худашро се корд задааст. Вале сабабҳояш маълум нест", - гуфт як ҳамсуҳбати мо аз Шовот.

Намояндаи пулиси Хоразм низ гуфт, ки дар ҳақиқат табиб худашро корд задааст. "Кормандони мо он шаб ба қисми низомӣ рафтанд. Табиб худро на се, балки як корд задааст. Ҳоло дар беморхона бистарӣ аст", - афзуд ӯ.

Вале яке аз ҳамкорони табиб фарзияи мақомоти узбекро, ки мегӯянд, ӯ худашро корд задааст, зери суол қарор дод.

"Ӯ табиби машҳур аст ва замоне сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Урганч буд. Вай марде нест, ки худашро корд занад. Инҷо чизеро пинҳон медоранд. Он шаб ба маҳалли ҳодиса додситон ва сардори пулиси вилоят рафта буданд ва пас аз рафтани онҳо ин фарзия расонаӣ шуд, ки табиб худашро корд задааст", - изҳор дошт вай.

Манбаи мо дар ҳукумати Хоразм дар навбати худ афзуд, ки шаби 24 март дар қисми низомии Шовот миёни табибоне, ки вазъи сиҳатии сокинонро дар ҳолати карантин назорат мекарданд, задухӯрд ва кордзанӣ шудааст.

Трамп қарори дар миёнаҳои апрел азсаргирии кори соҳаи тиҷоратро бекор кард

Трамп дар ҷаласаи марбут ба вазъи коронавирус дар ИМА иштирок мекунад

Президенти ИМА Доналд Трамп муқаррароти давлатиро дар бораи бо сабаби пандемияи коронавирус дар хона истодани мардумро то 30 рӯзи дигар – то охири моҳи апрел - тамдид кард. То имрӯз дар саросари ҷаҳон бар асари Ковид-19 34 ҳазор нафар ҷон додаанд. Трамп дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон рӯзи 29 март гуфт,ки эҳтимолан авҷи паҳншавии коронавирус дар ИМА “дар ду ҳафтаи наздик” мушоҳида шавад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки баъди он “бояд поинравии суръати нишондодҳо ҳам шурӯъ шавад”. Ӯ гуфт, ки муқаррароти марбут ба инзиво ваё дур истодани мардум аз ҳамдигарро ба хотири коҳиш додани суръати олудашавӣ ба вирус тамдид мекунад. Дар саросари ИМА шумори гирифторон ба коронавирус аз марзи 143 ҳазор нафар гузашта, 2513 нафар ҷон додаанд.

Трамп таъкид кард, ки “ҳар як нафар бляд дастури рафтор дар замони бӯҳрони коронавирусро ҷиддан риоя кунад” ва бидуни зарурати оҷили мисли харидории ғизо ва маводи дорувор ба кӯча набарояд.

Қабл аз ин як мутахассиси аршади амрози сироятӣ ҳушдор дод , ки ҳодисаҳои марг бар асари коронавирус метавонад ба 200 ҳазор нафар бирасад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG