Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Туркия ба фиристодани нирӯ ба Либия мувофиқат кард


Файёз Сироҷ ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Файёз Сироҷ ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Порлумони Туркия ба фиристодани нирӯҳои ин кишвар ба Либия ризоият дод. Ин нирӯҳо ба ҳукумати зери ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид дар Либия кумак хоҳанд кард.

Вакилони маҷлиси Туркия рӯзи 2-юми январ дар ҷаласаи изтирорӣ бо 325 раъйи мувофиқ ва 184 мухолиф ба ирсоли нирӯҳо ба муддати як сол прозӣ шуданд.

Ин дар ҳолест, ки нигарониҳо аз шиддат ёфтани низоъҳо дар Либия баъди сафарбар шудани сарбозони туркӣ вуҷуд дорад. Ҳукумати Триполӣ ба раҳбарии нахуствазир Файёз Сироҷ барои расидан ба қудрат бо маъмурияти рақиби воқеъ дар шарқи ин кишвар ба раҳбарии генерал Халифа Ҳафтар дар ихтилоф аст.

Нирӯҳои вафодор ба ин фармондеҳи ҷангҷӯ аз ҷониби Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб ва дигарон пуштибонӣ мебинанд. Инчунин бовар меравад, гурӯҳҳои зархариди русӣ ҳам моҳи апрел дар ишғоли пойтахти Либия иштирок кардаанд.

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, ҳукумати созиши миллии Сироҷ аз онҳо дархост кард, ки нирӯҳои Туркияро барои кумак фиристанд. Анкара мегӯяд, истиқрори нирӯҳо барои амният ва ҳифзи манфиатҳои Туркия дар Либия ва Ховари Миёна хеле муҳим аст.

XS
SM
MD
LG