Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо ба қонун дар бораи моликияти идораҳои динӣ дар Монтенегро


Дар рӯзҳои аввали соли 2020 дар Подгоритса, пойтахти Монтенегро (Черногория), эътирозҳо ба қабули қонуни нав дар бораи моликияти муассисаҳои динӣ идома кард. Ин қонун мавриди мухолифати Русия ва калисои ортодокси Сербистон шудааст.

Рӯзи 1-уми январ чандсад ҳазор эътирозгар бо ташкили раҳпаймоӣ аз қабули қонуни баҳсбарангези моликияти муассисаҳои динӣ эътироз карданд. Ба андешаи мухолифони қонун, ин санад ба мақомот иҷоза медиҳад, моликияти марбут ба калисои ортодокси сербиро масдуд ё азхуд кунад.

Ҳукумати Монтенегро ҳама талошҳо барои нияти ғасби моликиятро рад мекунад. Умқи масъала ин аст, ки қонуни нав талаб мекунад, ҷомеаҳои динӣ асноди мансубияти моликият ба муассисаи диниро то соли 1918, яъне замони ба мамлакати Югославия ҳамроҳ шудани Черногория ба раҳбарии сербҳо исбот кунад.

Ин сана инчунин ба унвони замони аз даст рафтани истиқлоли Черногория ба шумор меравад.

Президенти Черногория Мило Дюканович қонунро 28-уми декабри соли 2019 имзо кард. Як рӯз пеш аз ин вакилони порлумон, дар ҳоле ки бисёр мухолифонро аз толори маҷлис ба таври маҷбурӣ берун карда буданд, қонунро қабул карданд.

Эътирози мухолифони қабули ин қонун, ки аксарашон шаҳрвандони рӯ ба Сербистони Черногоия ва ҳам пайравони калисои ортодокси сербӣ мебошанд, аз ҳафтаи гузашта идома дорад. Дар чанд рӯзи гузашта полис 45 нафарро боздошт кард.

30-юми декабр нахуствазир Душко Маркович ва раҳбари полис Веселин Велйович гуфтанд, ҳамлаҳо ба афсарони полис бе муҷозот намемонад. Маркович аз рӯҳониёни калисони ортодокси сербӣ дар Монтенегро даъват кард, ки ба ҷои кори худ баргарданд ва мардумро ба муқовимат бар зидди ҳукумат даъват накунанд.

XS
SM
MD
LG