Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қрим таълими забонҳои украинӣ ва қриму тоторӣ маҳдуд шуд


Искандар Бариев
Искандар Бариев

Охирин мактаби миёна дар нимҷазираи аз ҷониби Русия ишғолшудаи Қрим, ки ба забони украинӣ дарс медод, аз фаъолият бозмондааст. Искандар Бариев, раҳбари маркази қриму тотор рӯзи 1 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли 2014, замоне, ки бо амри Владимир Путин нирӯҳои русӣ нимҷазираи Қрими воқеъ дар қаламрави Украинаро ишғол карданд, дар ин қаламрав ҳафт мактаб ба забони украинӣ дарс медод. Панҷ сол баъди ишғоли Қрим танҳо як мактаб дар шаҳри Феодосия монд, вале Бариев, ки бо такя ба сокинони маҳаллӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки “ин дурӯғ аст”, чунки дарси украинӣ дигар дар ин мактаб таълим дода намешавад. Бар асоси моддаи 10-и “конститутсия”-и аз ҷониби Русия дар нимҷазираи Қрим таҳмилшуда, дар ин қаламрав се забон мақоми давлатӣ дорад: қриму тотор, украинӣ ва русӣ. Бар асоси иттилои мақомоти маорифи маҳаллӣ, аз миёни беш аз 200 ҳазор хонандаи мактабҳои маҳаллӣ солҳои 2018-2019 каме зиёдтар аз 3 дарсадашон ба забонҳои қриму тотор дарс мехонанд. Бариев гуфт, аз замони ишғоли нимҷазира, мақоми 16 мактаби қриму тотор ҳам тағйир ёфт. Аз миёни онҳо, ҳафт мактаб барномаи таълимӣ ба забони қриму тоторро ҳифз карда, панҷтоаш ба иловаи забони русӣ ба таълими дузабонӣ гузаштанд ва чаҳор адади дигараш ба истилоҳ, ба таълими умумӣ гузаштанд.

XS
SM
MD
LG