Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майк Помпео сафараш ба Украинаро бинобар вазъ дар Ироқ лағв кард


Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми январ сафари худ ба Украинаро бинобар ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод, ба таъхир андохт.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар баёнияе гуфтааст, "Майк Помпео сафари худ ба Украина, Белорус, Қазоқистон, Узбекистон ва Қибрисро бинобар зарурати ҳузураш дар Вашингтон ва зери назар доштани вазъияти феълӣ дар Ироқ ва ҳосил кардани итминон аз амнияти амрикоиҳо дар Ховари Миёна, ба таъхир андохт".

Нерӯҳо ва тарафдорони ниманизомиёни мавриди ҳимояти Эрон, ки парчамҳои "Ҳашд Аш-Шаъби" -- нерӯҳои хезиши мардумиро дар даст доштанд, рӯзи сешанбе ба Сафорати Амрико дар Бағдод ҳамла карданд. Тазоҳуркунандагон дар вокуниш ба ҳамлаи интиқомҷӯёнаи Амрико ба пойгоҳҳои ниманизомиёни шиа (воҳидҳои Ҳизбуллоҳ) дар Ироқ ва Сурия, ба ин сафоратхона ҳамла карданд.

Амрико рӯзи якшанбеи 29-уми декабр дар вокуниш ба ҳамла ба як пойгоҳи низомӣ дар Каркук ва кушта шудани як амрикоӣ, ба пойгоҳҳои "Ҳизбуллоҳ" дар Ироқ ва Сурия, ҳамла кард. Дар ин ҳамлаҳо ҳадди ақал 25 нафар ниманизомии шиа кушта ва 55 нафари дигар захмӣ шуданд.

Майк Помпео рӯзи сешанбе дар мусоҳиба бо шабакаи "Fox News" ва пас аз ҳамла ба Сафорати Амрико дар Бағдод гуфта буд, сафари ӯ ба Украина анҷом мешавад. Қарор буд Помпео ба унвони баландпоятарин мақоми амрикоӣ ба Украина сафар кунад ва бо мақомҳои ин кишвар, аз ҷумла, президент Володимир Зеленский мулоқот намояд.

Дар ҳамин ҳол, як сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, дар дувумин рӯз аз ҳамла ба Сафорати Амрико дар Бағдод, "вазъият дар атрофи сафоратхона дар Бағдод беҳтар шудааст", аммо талоши нерӯҳои ироқӣ барои поксозии атрофи сафорат аз тарафдорони нерӯҳои ниманизомии мавриди ҳимояти Эрон ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши CNN, ин сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар идома гуфтааст, "то асри чаҳоршанбе тақрибан ҳамаи ҷамъомадагон атрофи сафоратро тарк кардаанд. Агарчи вазъ дар атрофи сафорат ба таври чашмгире ором аст, аммо тадбирҳои амниятӣ сахттар шудааст".

Як сухангӯи катиба ё воҳидҳои "Ҳизбуллоҳ ба шабакаи CNN гуфтааст, "мо атрофи сафоратро холӣ кардем, зеро ки Амрико паёми моро дарёфт кардааст".

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, Сафорати Амрико як рӯз пас аз ин ҳамла ҳамаи фаъолиятҳои консулии худро лағв кардааст. Сафорати Амрико дар баёнияе эълом кард, бинобар ҳамлаи ниманизомиён ба сафорат, ҳамаи хадамоти консулӣ то иттилои баъдӣ ба таъхир гузошта шуда, ҳама вақтҳои мулоқоти таъйиншуда лағв мешавад, ба шаҳрвандони амрикоӣ низ тавсия мешавад, ки ба сафоратхона муроҷиат накунанд".

Дар ҳамин ҳол, Майк Помпео рӯзи чаҳоршанбе бо муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷии Қатар сӯҳбат кардааст. Ӯ ҳамчунин дар гуфтугӯи телефонӣ бо Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ, "ҳамлаи террористии мавриди ҳимояти Эрон ба Сафорати Амрико дар Бағдод"-ро маҳкум кардааст.

Доналд Трамп рӯзи 31-уми декабр дар вокуниш ба ин ҳамла гуфт, ки Эрон баҳои сангине хоҳад пардохт. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбеи 31-уми декабр ҳар гуна иртиботи ин кишвар бо тазоҳуркунандагоне, ки ба Сафорати Амрико дар Бағдод, пойтахти Ироқ юриш бурданд, радд кардааст.

XS
SM
MD
LG