Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Осиф Ҷалолӣ ҳаҷвнигори шинохтаи афғон


Осиф Ҷалолӣ чандин барномаи ҳаҷвӣ дошт.
Осиф Ҷалолӣ чандин барномаи ҳаҷвӣ дошт.

Осиф Ҷалолӣ, яке аз ҳунарпешагон ва ҳаҷвнигори маъруфи Афғонистон, ки дар Тоҷикистон ҳам уро мешиносанд, даргузашт. Дар ин бора Собир Муҳманд, сухангӯи вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ӯ рӯзи 1-уми январ дар шифохонае дар шаҳри Кобул бар асари сактаи қалб ҷон додааст ва марги ӯ мардуми зиёдеро дар саросари Афғонистон ҳайратзада кардааст. Саъд Мӯҳсинӣ, раиси “Мобӣ груп” молики телевизиони “Тулуъ” гуфт, “Ҷалолӣ бо хандонидани мо кори Худоро анҷом медод.”

Ҷалолӣ муҷрии чандин барномаи ҳаҷвӣ аз ҷумла дар телевизиони “Тулуъ” буд. “Шабханд”, яке аз барномаҳои маҳбуби у дар миёни мардуми Афғонистон буд. Ӯ ҳамчунин дар филми маъруфи “Булбул” нақш бозидааст.

XS
SM
MD
LG