Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ мегӯяд, 1-уми январ 398 000 кӯдак таваллуд мешавад


Таваллуди пеш аз муҳлат яке аз сабабҳои маргумири навзодон будааст.
Таваллуди пеш аз муҳлат яке аз сабабҳои маргумири навзодон будааст.

Дар талоше барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба маргу мири кӯдакон дар ҷаҳон Созмони Милал гуфт, тахмин мекунад, ки дар рӯзи 1-уми январ дар ҷаҳон тақрибан 400 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад.

Бунёди Ҳимоят аз Кӯдакони Созмони Милал (UNICEF) рӯзи 1-уми январ гуфт, ки аз 2 миллиону 500 ҳазор навзоде, ки соли 2018 то як моҳагӣ фавтидаанд, сеякашон дар рӯзи нахустини ба дунё омадан, ҷон додаанд. Ба гуфтаи созмон, мумкин буд, аз марги бисёре аз ин кӯдакон ҷилавгирӣ шавад.

Мушкилӣ ҳангоми таваллуд, бемориҳои сироятӣ ва таваллуди қабл аз муҳлат сабабҳои марги навзодон будааст. Дар Тоҷикистон соли 2017​ аз миёни ҳар 1000 навзод ва кӯдакони то 5-сола 33 нафарашон мефавтиданд, ки назар ба солҳои қаблӣ камтар аст. То соли 2012 аз миёни ҳар ҳазор кӯдак 43 нафари онҳо то ба панҷсолагӣ намерасиданд.

XS
SM
MD
LG