Додгоҳи Словакия яке аз панҷ муттаҳам ба қатли Ян Кутсияк хабарнигори таҳқиқӣ ва дӯстдухтари ӯро ба зиндон маҳкум кард. Золтан Андрушкои 42-соларо рӯзи 30-уми декабр дар як додгоҳи шаҳри Братислава ба 15 соли зиндон маҳкум карданд. Аз миёни 5 нафар фақат ӯ, иттиҳомро иқрор кард ва дар ивази сабуктар кардани ҷазо розӣ шуд, ба зидди муттаҳамони дигар шаҳодат бидиҳад.
Ба гуфтаи додситонҳо, Золтан Андрушко ба ҳайси миёнарав ва пайдо кардани қотил барои куштани Кутсияк дар ин ҷиноят нақш доштааст. Ян Кутсиякро, ки доир ба фасоду ришвахорӣ менависа ҳамроҳи дӯстдухтараш Мартина Кушнирова моҳи феврали соли 2018 дар назди хонаашон дар шаҳри Братислава бо туфанг куштанд.
Ҳарду 27-сола буданд ва қатли онҳо сабаби тазоҳуроти азими мардумӣ ва истеъфои нахуствазир Роберт Фико шуд. Додситонҳо Мариан Кошнер, соҳибкореро, ки хабарнигор дар бораи тақаллубҳои ӯ менавишт, ба фармоиш додани қатли Ян Кутсияк муттаҳам мекунанд.