Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 26 маъмури амниятии Афғонистонро куштанд


Маъмурони амниятии Афғонистон ду Толибро ба хабарнигорон нишон доданд, ки ба қавли онҳо як мошини бомбгузоришударо меронданд. Акс аз 10-уми декабри соли 2019
Маъмурони амниятии Афғонистон ду Толибро ба хабарнигорон нишон доданд, ки ба қавли онҳо як мошини бомбгузоришударо меронданд. Акс аз 10-уми декабри соли 2019

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҷангҷӯёни Толиб дар шимоли кишвар 26 маъмури амниятӣ кушта шудаанд. Толибон масъулияти тамоми ин ҳамлаҳо дар вилоятҳои Қундуз ва Балхро бар ӯҳда гирифтанд. Танҳо дар ҳамлаи шоми 31-уми декабр дар ноҳияи Дашти Арчӣ дар вилояти Қундуз 10 маъмури амниятӣ кушта шудаанд ва чаҳор нафари дигарашон ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Муҳаммадюсуф Аюбӣ, раиси Шӯрои вилоятӣ хабар дод.

Муҳаммадафзал Ҳамид, раиси шӯрои Балх гуфт, ҷангҷӯёни Толиб бо ҳамла ба як посгоҳи амниятӣ дар вилоят 9 афсари пулисро куштаанд ва сарнавишти чаҳор пулиси дигар маълум нест.

Ба гуфтаи Ҷавод Ҳаҷрӣ сухангӯи ҳукумати вилоят, дар як даргирии дигар бо Толибон дар рӯзи 31-уми декабр 7 узви неруҳои амниятӣ ба ҳалокат расиданд. Ба қавли ӯ, 10 ҷангҷӯ ҳам кушта шудаанд. Бо вуҷуди идомаи музокироти Амрикову Толибон барои хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон, ҷангҷӯёни ин гуруҳи ифротӣ тақрибан ҳар рӯз сарбозони амрикоиву афғонро ҳадаф мегиранд.

XS
SM
MD
LG