Ду рӯз пас аз ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ ба пойгоҳҳои "Ҳизбуллоҳ" -- як гурӯҳи наздик ба Эрон дар Ироқ ва Сурия, рӯзи сешанбеи 31-уми декабр эътирозгарони ироқӣ ба сафоратхонаи Амрико дар Бағдод юриш бурданд. Сафорати Амрико дар пойтахти Ироқ дар "минтақаи сабз"-и Бағдод ҷойгир аст, ки ба шиддат муҳофизат мешавад.
Ба гузориши хабаргузориҳо, эътирозгарон дарвозаи аслии сафоратхонаро шикаста ва ба дохил рафтанд ва толори қабули ин биноро оташ заданд. Қаблан хабаргузории "Рейтерз" аз қавли мақомоти ироқӣ навишта буд, ки сафири Амрико ва дигар кормандони ин сафоратхона барои ҳифзи ҷонашон биноро тарк кардаанд.
Хамин хабаргузорӣ мегӯяд, ки нерӯҳои амниятӣ барои ақиб рондани эътирозгарон ва пароканда намудани онҳо, аз гази ашковар истифода карданд. Хабаргузории "Франс-пресс сабаби "ҳамла"-и эътирозгарон ба сафорати Амрикоро, "хашми онҳо" аз ҳамлаҳои ҳавоии ин кишвар ба нерӯҳои ниманизомӣ гуфтааст.
Амрико рӯзи якшанбеи 29-уми декабр дар вокуниш ба ҳамла ба як пойгоҳи низомӣ дар Каркук ва кушта шудани як амрикоӣ, ба пойгоҳҳои "Ҳизбуллоҳ" дар Ироқ ва низ Сурия, ҳамла кард. Дар ин ҳамлаҳо ҳадди ақал 25 нафар ниманизомии шиа кушта ва 55 нафари дигар захмӣ шуданд.
Бисёре аз касоне, ки дар баробари Сафорати Амрико ҷамъ шуда буданд, либосҳои низомӣ бар тан доштаанд ва парчамҳои гурӯҳҳои ниманизомии шиа низ дар миёнашон дида мешуд. "Франс-пресс" теъдоди ин афродро "чанд ҳазор" гуфтааст.
Бо ин ҳама, мақомҳои амрикоӣ гуфтаанд, тасмиме барои берун кардани кормандони сафоратхона аз Ироқ гирифта нашудааст ва дар ҳамлаи ахир ба даромадгоҳи сафоратхона ҳам ба касе осебе нарасидааст. Вазорати дифои Амрико гуфтааст, нерӯҳои бештаре барои муҳофизат аз сафорати худ дар Бағдод ҷобаҷо кардааст. Президенти Амрико гуфтааст, ин нерӯҳо ба зудӣ дар маҳал ҷобаҷо хоҳанд шуд.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар ҳисоби корбарии худ дар "Твиттер" ҳамла ба сафоратхонаро ба "террористон" ва "нобиноён"-и Эрон нисбат дод. Ӯ гуфт, ҳамла "тавассути террористҳо, Абу Маҳдӣ Муҳандис, Қайс Хузъалӣ созмондиҳӣ ва тавассути кӯрдилони Эрон, Ҳодӣ Омирӣ ва Фолеҳ Ал-Файёз, барангехта шуда буд".
Ин афроди номбурда ва шуморе аз ниманизомиёни шиа аз сӯи Амрико муттаҳам ҳастанд, ки ба ҷонибдорӣ аз Эрон дар Ироқ фаъолият мекунанд Онҳо ҳамчунин ба анҷоми ҳамлаҳо ба нерӯҳои Амрико ва манфиатҳои ин кишвар муттаҳам мебошанд.
Доналд Трамп рӯзи 31-уми декабр дар вокуниш ба ин ҳамла гуфт, ки Эрон баҳои сангине хоҳад пардохт. Аммо ӯ дар тозатарин паёмаш гуфт, ки "дунболи ҷанг нест".
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбеи 31-уми декабр ҳар гуна иртиботи ин кишвар бо тазоҳуркунандагоне, ки ба Сафорати Амрико дар Бағдод, пойтахти Ироқ юриш бурданд, радд кардааст.
Аббос Мусавӣ изҳороти раиси ҷумҳури Амрико ва дигар мақомҳои ин кишвар дар хусуси нақши Эрон дар ин ҳамларо радд карда ва нисбат "ба ҳар гуна вокуниши носанҷида ва иштибоҳ" ҳушдор додааст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ҳамчунин аз Амрико хостааст, ки "дар сиёсатҳои вайронгаронаи худ дар минтақа" таҷдиди назар кунад.
Раиси ҷумҳури Ироқ, раиси порлумон ва мақомҳои дигари ироқӣ низ ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдодро маҳкум кардаанд. Муҳаммад Ҳалбусӣ, раиси порлумони Ироқ ҳам дар баёнияе ҳамла ба сафорати Амрикоро "рафтори ғайри қобили қабул" хонда ва гуфтааст, ки он "ба манфиатҳои олии Ироқ осеб расонида, чеҳраи номуносиб аз мардуми Ироқ ироа мекунад".