Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогнависи узбек аз бемористони касалиҳои руҳӣ рухсат ёфт


Нафосат Оллашукурова, блогнавис аз Хоразми Узбекистон рӯзи 28-уми декабр аз бемористони касалиҳои руҳӣ рухсат ёфт. Блогнависро бо қарори додгоҳ се моҳ дар бемористон табобат карданд.

Абдураҳмон Ташанов, раиси созмони ҳомии ҳуқуқии "Эзгулик" гуфт, комисияи вижа ба хулоса расид, ки барои идомаи табобати Нафосат дар бемористони касалиҳои руҳӣ зарурат нест.

Нафосат Оллашукурова, ки пайваста аз фаъолияти мақомоти давлатӣ интиқод мекунад, дар бемористони бемориҳои равонӣ бистарӣ шуд.

Додгоҳи вилояти Хоразми Узбекистон 30-юми сентябр Нафосат Оллашукуроваро баъди 10 рӯзи адои ҳукми маъмурӣ, ба беморхонаи бемориҳои равонӣ иҷборан фиристод.

Нафосат Оллашукурова дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзуъҳое амсоли фасодкорӣ ва тахриби ғайриқонунии манзилу амволи сокинонро аз сӯи мақомот инъикос мекунад.

Пештар Созмони ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" (CPJ) аз Узбекистон хост, блогнавис Нафосат Оллашукуроваро озод кунад.

XS
SM
MD
LG