Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ошхона дар Душанбе ба коми оташ рафт


Ошхонаҳои "Сафо" ("Ҳоҷиён"-и қаблӣ), "Сомониён" ва "Наврӯз" дар наздикии бозори "Саховат"-и шаҳри Душанбе, шаби гузашта ба коми оташ рафтанд. Ба мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, ду ошхонаи аввалӣ хисороти ҷиддӣ дида ва ошхонаи "Наврӯз" қисман вайрон шудааст.

Дар қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон субҳи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сӯхтор соати 02:25 оғоз шуда, ҳудуди 1 соат идома кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, масоҳати сӯхтор 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва оташнишонҳо тавонистанд давоми як соат бо истифода аз 9 мошин оташро хомӯш кунанд.

То ҳол сабабҳои сӯхтор маълум нест ва низ эълон нашудааст, ки оташсӯзӣ аз кадом яке аз ин ошхонаҳо оғоз шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки комиссияи махсус сабабҳои оташсӯзӣ ва ҳаҷми хисоротро маълум мекунад. Ин ошхонаҳо дар яке аз маҳаллаҳои пуриздиҳоми атрофи бозори "Саховат" ҷойгир мебошанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки дар натиҷаи сӯхтор ошпази ошхонаи "Сомониён", ки ҳангоми сар задани ҳодиса дар дохили он қарор доштааст, ҷароҳати сабук бардошта, ба беморхона интиқол ёфтааст. Ин ниҳод мегӯяд, феълан таҳқиқи сӯхтор идома дошта, сабаб ва ҳаҷми хисоротро муайян хоҳанд кард.

Дар ҳоле, ки қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оғози сӯхторро соати 02:25 мегӯянд, ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, оташсӯзӣ соати 01:40-дақиқа рух додааст.

Бархе аз шоҳидони ҳодиса низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сӯхторро қабл аз соати 2-и шаб мушоҳида намудаанд. Хуршед, яке аз шоҳидони ҳодиса рӯзи 30-юми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мошинҳои оташнишон пас аз ним соати сар задани сӯхтор ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд. Ба қавли ӯ, наздики соатҳои 4-и шаб кормандони сӯхторхомӯшкунӣ муваффақ шуданд, алангаи оташро комилан хомӯш намоянд.

Баъзе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, сӯхтор дар пайи таркиши балони газ рух додааст, вале мақомот то ҳол расман дар бораи сабаби сар задани ҳодиса чизе нагуфтаанд. Аз масъулони ошхонаҳо касе ҳозир нашуд, ҳодисаро шарҳ диҳад.

Ин сӯхтор ба баъзе манзилҳое, ки дар пушти ошхонаҳо ҷойгиранд, зарар расонидааст. Зебогул Ғаффорова, сокини кӯчаи Крупская дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пай ин ҳодиса қисмати зиёди хонааш ба коми оташ рафтааст. Ӯ мегӯяд, дар зимистони сард ҳайрон аст, ки чӣ кор кунад. "Нисфи шаб дари моро кӯфтанд, бедор шудем, ки сӯхтор аст, ҳамроҳи кӯдакон зуд баромадем, оташ аз тарафи ошхонаҳо омада, ба хонаҳои мо расид, бубинед ҳамаи сӯхтааст",-афзуд вай.

Оташ гирифтани бозору корхонаҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ, сабаби оташсӯзиҳо шудааст.

Агар дар ҷойи ҳодиса ҳастед, аксе ё видеое доред. Лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG