Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар соли 2019 кушторҳои гуруҳӣ дар Амрико афзудааст"


Як таҳқиқи нав нишон дод, ки имсол дар Амрико кушторҳои гуруҳӣ дар муқоиса бо ҳар замоне дигар бештар будааст. Оморро хабаргузории "Ассошиайтед Пресс" ва рӯзномаи "USA Today" таҳия ва нашр карданд. Бар асоси он, дар тобистони имсол дар Амрико 41 рӯйдоди маргбор сурат гирифтааст.

Куштори гуруҳӣ дар Амрико ба ҳодисаҳое гуфта мешавад, ки дар он чаҳор нафар ё бештар аз он, ба истиснои масъули ҳодиса, кушта шуда бошанд.

Дар маҷмуъ, имсол, ки ба поёнаш ду рӯзи дигар мондааст, 211 нафар дар ҷараёни ин ҳамлаҳо кушта шудаанд.

Амрико аз ҷумлаи кишварҳоест, шаҳрвандонаш метавонанд бо гирифтани иҷозатнома аслиҳа дошта бошанд. Аммо дар ин кишвар баҳсҳо ба сари бозбинии қонун низ кам нест.

XS
SM
MD
LG