Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ захмӣ дар ҳамла ба маҳфили мазҳабии яҳудиён дар Ню-Йорк


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Як созмони яҳудиён гуфт, ҳангоми маҳфили мазҳабии Ҳанока ё ҷашни рӯшноӣ дар хонаи як хохоми яҳудӣ дар Ню-Йорк дастикам панҷ нафар бо корд захмӣ карда шудаанд. Шӯрои равобити умумии яҳудиёни ортодокс гуфт, аз ин воқеа соати даҳи шаби 28-уми декабр дар як тамоси телефонӣ хабар ёфт. Захмиёнро ба шифохона бурдаанд. Вазъи ду нафари онҳо вазнин гуфта мешавад. Ин воқеа дар 50-километрии шимоли шаҳри Ню-Йорк рух додааст.

XS
SM
MD
LG