Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Додгоҳи Конститутсионӣ ба ҷиноят муттаҳам шуд


Ҳрайр Товмасиён ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон дар рӯзи 27-уми декабр
Ҳрайр Товмасиён ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон дар рӯзи 27-уми декабр

Мақомоти интизомии Арманистон Ҳрайр Товмасиён, раиси Додгоҳи Конститутсиониро ба сӯистифода аз мақом муттаҳам карданд, вале худаш онро амали дорои ангезаҳои сиёсӣ ва бо ҳадафи водор карданаш ба истеъфо номид. Додситонҳо Товмасиёнро баъди бозпурсии кутоҳ дар утоқаш расман ба сӯистифода аз мақом муттаҳам кардаанд.

Онҳо мегӯянд, ки раиси болотарин додгоҳи Арманистон ҳангоми вазири адлия будан дар солҳои 2010 -2014 бо сӯистифода аз мақом як биноеро хусусӣ кардааст. Дигар иттиҳом ин аст, ки гӯё Ҳрайр Товмасиён як идораи нотариалиро маҷбур кардааст, ки биноеро, ки аз он манфиат медид, бо қимати баланде иҷора бигирад. Раиси Додгоҳи Конститутсионии Арманистон мегӯяд, ки парвандаи ҷиноӣ, бахше аз фишори ҳукумат ба ӯ ва дигар додрасҳои додгоҳ аст.

Пеш аз бозпурсии Товмасиён, раиси ҷумҳур Армен Саркиссиён, қонуни баҳбсарангезеро имзо кард, ки ба додрасҳои Додгоҳи Конститутсионӣ имкон медиҳад, дар сурати пеш аз анҷоми муҳлат тарк кардани мақомашон, имтиёзҳои молӣ бигиранд. Никол Пашиниён, нахуствазири Арманистон, аз мухолифони ҳузури Ҳрайр Товмасиён ва дигар додрасҳои Додгоҳи Конститутсионӣ аст, чун онҳоро аз ҳалқаи ҳукумати пешини Арманистон мешуморад.

XS
SM
MD
LG