Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯёни Толиб даҳ сарбози афғонро куштанд


Нерӯҳои афғон дар вилояти Ҳилманд. Акс аз рӯзи 17-уми декабри соли 2019
Нерӯҳои афғон дар вилояти Ҳилманд. Акс аз рӯзи 17-уми декабри соли 2019

Ҷангҷӯёни Толиб дар Афғонистон бо ҳамла ба як пойгоҳи низомӣ дар вилояти Ҳилманд 10 сарбозро кушта ва чаҳор нафари дигарашонро захмӣ кардаанд. Умар Завок, сухангӯи ҳукумати вилоят рӯзи 28-уми декабр гуфт, ҳамла рӯзи 27-уми декабр рух додааст.

Баъд аз таркиши қавӣ дар назди посгоҳи сарбозон, Толибон сипас ба тирандозӣ шуруъ кардаанд. Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи Толибон гуфт, ки дар воқеъ ҳамларо ҷангҷӯёни ин гуруҳ анҷом додаанд ва аслиҳаву муҳимоти ҷангии сарбозони афғонро ғанимат гирифтаанд. Толибон дар Ҳилманд ҳузури зиёд доранд ва дар чанд рӯзи гузашта ҳамла ба пойгоҳҳои низомӣ ва посгоҳҳои амниятӣ дар саросари Афғонистонро зиёд кардаанд.

Ҳафтаи гузашта як маргталабе мошини бомбгузоришудаашро дар назди қароргоҳи сарбозон дар вилояти Балх тарконд ва 6 нафари онҳоро кушт. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтанд. Бо вуҷуди идомаи музокироти Толибон бо намояндаи Амрико дар бораи хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон, ҷангҷӯёни ин гуруҳ тақрибан ҳар руз сарбозони амрикоиву афғонро ҳадаф мегиранд.

XS
SM
MD
LG