Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯи тоҷик бо гуноҳи қатли ҳамдарсаш 24 сол зиндонӣ шуд. ВИДЕО


Акси Дилмурод Фозилов аз сомонаи Раёсати умури дохилии Душанбе

Додгоҳи шаҳри Душанбе Убайдулло Қурбонов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо гуноҳи қатли ҳамдарсаш Дилмурод Фозилов 24 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Ҳодиса моҳи сентябри имсол рух дод. Ҷузъиёти ҳукм дастрас нест. Пештар мақомоти тафтишотӣ гуфта буданд, ки Убайдулло Қурбонов ба "авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард" ва "куштор" айбдор аст. Афроди наздик ба хонаводаи ин ҷавон ҳукми додгоҳро сангин медонанд.

Убайдулло Қурбонов ва Дилмурод Фозилов моҳи сентябри имсол таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оғоз карданд. Ҳарду хатмкардаҳои мактаби 60 ва 46-и ноҳияи Синои пойтахт ҳастанд.

Шоҳидон мегӯянд, ҷанҷоли ду ҷавон, ки зоҳиран ба донишгоҳ меомаданд, субҳи 8-уми сентябри имсол дар дохили мусофирбар оғоз шуда, дар маҳалли байни кӯчаи Борбад ва Чортути шаҳри Душанбе идома кардааст. Бино ба маълумоти тафтишот, Дилмурод Фозилов бар асари захми корд ва хунравии зиёд фавтидааст. Мақомот Убайдулло Қурбонов, донишҷӯи гумонбарро дертар дар дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастгир карданд.

Тафтишоти ибтидоии мақомот маълум кардааст, ки ду ҷавон "аз даврони мактабӣ ба ҳам хусумат доштаанд". Мавҷигул Расулова, холаи Дилмурод Фозилов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "ӯ бепадар ба воя расидааст, аммо ҷангҷӯ набуд. Дар куҷое ҷанг мешуд, давида ба хона меомад.”

Дилмурод Фозилов ягона писари хонавода буда, дар тарбияи модари танҳо ба воя расидааст. Ба гуфтаи наздикон, ӯ ҳар рӯз то рафтан ба донишгоҳ ба модараш, ки дар беморхонаи Қарияи Боло ба ҳайси фаррош кор мекард, ёрӣ медод.

Қатли ҷавони 17-сола, дар пайи муноқиша дар ҳолест, ки дар гузашта низ чанд низои маргбори хонандагони мактаб ва донишҷӯён дар кишвар сабт шудааст. Ҳодисаи ахир ва бо худ корд доштани як донишҷӯ ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин мавзуъро дубора доғ кард. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе мегӯяд, натиҷаи чанд амалиёти онҳо муайян кард, ки муҳассилини зиёде дар мактабҳои миёна ва олӣ бо худ корд доранд.

Мақомот дар сар задани чунин ҳодисаҳо волидонро гунаҳкор медонанд, ки фарзандони худро беназорат гузоштаанд. Волидон дар навбати худ омӯзгоронро муқассир мехонанд.

Таҳлилгарон бадҷаҳлу ҷангҷӯ шудани хонандагонро ба муҳити ба гуфтаи онҳо “саросар аз таблиғи хушунату куштор” рабт медиҳанд.

Дар занозании донишҷӯён дар Душанбе як нафар кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксу видео доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (9)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG