Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии ду академики зиндонӣ дар Эрон


Кайли Мур-Гилберт ва Фарибо Одилхоҳ
Кайли Мур-Гилберт ва Фарибо Одилхоҳ

Ду академики зиндонӣ дар зиндони Эвини Теҳрон даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Онҳо талаб кардаанд, муҳаққиқону зиндониҳои сиёсӣ дар Эрон, ки бар асоси иттиҳоми сохта пушти панҷара рафтаанд, озод карда шаванд.

Муҳаққиқи фаронсавии зодаи Эрон Фарибо Одилхоҳ ва устоди донишгоҳи Австралия Кайли Мур-Гилберт бар асоси баъзе хабарҳо рӯзи 24-уми декабр ба гуруснанишинӣ сар карданд.

Дар бораи эътирози онҳо созмон Маркази ҳуқуқи башари Эрон дар шаҳри Ню-Йорк ва ҳам маркази илмиву насарсанҷии CERI, ки Одилхоҳ барои он кор мекард, хабар доданд.

CERI аз як номаи кушодаи ин ду зани донишманд иқтибос оварда, гуфт, ин занҳо мавриди шиканҷаи равонӣ ва ҳам чандин ҳолати нақзи ҳуқуқи инсон қарор гирифтаанд.

Оҷонси "Франс Пресс" рӯзи 27-уми декабр гуфт, Вазорати умури хориҷии Фаронса сафири Эронро даъват карда ва гуфтааст, боздошти донишманди фаронсавӣ “ғайри қобили таҳаммул” аст. Вазорат гуфт, дар мулоқот ба сафир “нигаронии амиқи худро” баён кард ва талаби Фаронсаро ёдовар шуд, ки озодии Фарибо Адолатхоҳ ва Ролан Маршалро тақозо мекард.

Адолатхоҳ як антрополог ва муаллифи чандин китоб дар Эрон аст, ки моҳи июн бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуда буд.

Донишманди дигари фаронсавӣ Ролан Маршал ҳам дар Эрон зиндонӣ шудааст. Мур-Гилберт, як муҳаққиқи Ховари Миёна аз донишгоҳи Мелбурн аз октябри соли 2018 боз дар зиндон аст.

Ин зан ҳам бо иттиҳоми ҷосусӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст. То ҳол бисёре аз донишмандону пажӯҳишгарон дар Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд, вале ҳеч гоҳ мақомот далели ин иттиҳомоти худро пешкаш накардаанд.

XS
SM
MD
LG