Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи 5,1-дараҷаӣ Бушаҳри Эронро ларзонд


Заминларзаи 5,1-дараҷа, ҷануби Эрон -- манотиқи наздик ба нерӯгоҳи ҳаставии Бушаҳрро такон додааст. Коршиносони амрикоиву аврупоӣ субҳи 27-уми декабр гузориш доданд ки зилзила миёна аст ва имкон дорад ки зиёни қобили таваҷҷӯҳ расонида бошад.

Моҳи ноябр Эрон сохтмони дуввумин реактори ҳаставӣ дар Бушаҳрро оғоз кард. Ин тарҳ бо кӯмаки Русия амалӣ мешавад. Бушаҳр дар соли 2011 бо фанновариҳои Русия сохта шуда, аввалин нерӯгоҳи ҳаставӣ дар Ховари Миёна ба ҳисоб меравад. Маркази заминларазаи 27-уми декабр дар 53- километрии шарқи Бушаҳр ҷойгир будааст.

XS
SM
MD
LG