Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: "Туркия бо дархости Либия ба он кишвар нерӯи низомӣ мефиристад"


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи панҷшанбеи 26-уми декабр гуфт, ин кишвар бо дархости ҳукумати Либия, ки пойтахт Троблусро дар ихтиёр дорад, моҳи оянда ба он кишвар нерӯи низомӣ хоҳад фиристод.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Ҳукумати тавофуқи миллӣ, ки аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ ба расмият шинохта мешавад, аз чанд моҳ ба ин тараф барои дифоъ аз шаҳри Троблус бо нерӯҳои таҳти фармони генерал Халифа Ҳафтар меҷангад. Русия, Миср ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз нерӯҳои генерал Халифа Ҳафтар ҳимоят мекунанд.

Моҳи гузашта Туркия бо Ҳукумати тавофуқи миллӣ ба раёсати Фоиз Сироҷ, ду созиш -- яке дар мавриди ҳамкориҳои амниятиву низомӣ ва дигаре дар мавриди марзҳои баҳрӣ дар обҳои Баҳри Миёназамин, имзо кард.

Созиш дар мавриди марзҳои баҳрӣ метавонад ба инзивои Туркия дар шарқи Миёназамин поён диҳад ва ба баҳрабардории ин кишвар аз манбаъҳои энержӣ дар ин баҳр кӯмак кунад. Вале ин созиш Юнон ва чанд кишвари дигари минтақаро нигарон кардааст. Ҳадафи созиши низомӣ низ ҳифозат аз танҳо муттаҳиди Туркия дар шимоли Африқо аст, ки ҳамакнун дар муҳосираи нерӯҳои генерал Ҳафтар қарор дорад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар суханронӣ хитоб ба аъзои Ҳизби адолат ва тараққӣ гуфт, "аз онҷое, ки акнун ҳукумати Либия аз мо даъват кардааст, мо ин даъватро мепазирем. Мо ин тарҳро ба порлумон хоҳем фиристод". Ӯ гуфт, ки ин тарҳ рӯзҳои ҳаштум ва нуҳуми январ қабул ва шароитро барои фиристодани нерӯ фароҳам хоҳад кард.

Аммо ҷузъиёти даъвате, ки оқои Эрдуғон ба он ишора кард, ҳанӯз маълум нест ва вазири умури дохилии ҳукумати мустақар дар Троблус дар ҷараёни дидоре аз Тунис ба хабарнигорон гуфт, ҳанӯз дархости расмӣ нашудааст.

Ӯ гуфт, "агар вазъият бадтар шавад ва чун мо ҳаққ дорем аз Троблус ва сокинони он дифоъ кунем, расман аз ҳукумати Туркия дархост хоҳем кард то барои дафъи ҳамлаҳои нерӯҳои зархарид аз мо ҳимояти низомӣ бикунад".

Генерал Ҳафтар то кунун ба ин суханони оқои Эрдуғон вокуниш нишон надодааст.

Хабаргузории "Рейтерз" меафзояд, ҳукумати Туркия аз чанд ҳафта пеш мавзӯи фиристодани нерӯ ба Либияро матраҳ кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба амалиёти артиши Туркия дар шимоли Сурия алайҳи нерӯҳои курд, ки ҳудуди се моҳ пеш оғоз шуд, ирсоли нерӯҳо ба Либия метавонад барои артиши Туркия бори сангине бошад.

Бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид, ҳукумати Туркия бо вуҷуди таҳримҳо дар заминаи силоҳу ҷангафзор, дар гузашта барои Ҳукумати тавофуқи миллии Либия аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ ирсол кардааст.

Оқои Эрдуғон рӯзи чаҳоршанбе барои гуфтугӯ дар мавриди ҳамкорӣ ба ҳадафи барқарории оташбас дар Либия, ба Тунис сафар кард. Ӯ рӯзи панҷшанбе гуфт, Тунис ва Туркия дар мавриди ҳимоят аз Ҳукумати тавофуқи миллии Либия созиш кардаанд.

Ҳукумати Русия дар мавриди эҳтимоли ирсоли нерӯҳои Туркия ба Либия изҳори нигаронӣ кардааст. Вале оқои Эрдуғон гуфт, Туркия дар баробари ҳимояти зархаридони ширкати низомии русӣ "Вагнер", аз нерӯҳои генерал Ҳафтар хомӯш нахоҳад нишаст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар бахши дигаре аз суханони худ дар рӯзи панҷшанбе гуфт, "ду ҳазор ҷангҷӯи ширкати русии "Вагнер" онҷо ҳастанд" ва бо ишора ба 5 ҳазор ҷангҷӯи судонӣ, ки дар Либия ҳастанд, афзуд, "оё ҳукумати расмии Либия онҳоро даъват кардааст? Не, онҳо ҳама аз ҷангсолор (генерал Ҳафтар) ҳимоят мекунанд. Дар сурате, ки мо даъвати ҳукумати расмии ин кишварро мепазирем, фарқи мо ин аст".

Нерӯҳои генерал Ҳафтар, ки маркази онҳо ноҳияҳои шарқии Либия аст ва бо номи "Артиши миллии Либия" меҷангад, аз моҳи апрели соли равон ҳамлаҳо ба шаҳри Троблусро оғоз кардаанд.

Миср ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз солҳо пеш аз ин нерӯҳо ҳимоят кардаанд ва ба гуфтаи бархе аз коршиносон, вуруди зархаридони рус ба ин набард, мавқеи нерӯҳои давлатӣ дар Троблусро заъиф ва ҳамкории низомии Туркия бо ин ҳукуматро суръат бахшидааст.

XS
SM
MD
LG