Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба сармоягузорони хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон визаи 5-сола дода мешавад


Минбаъд ҳар сармоягузоре, ки ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз як миллион доллар сармоягузорӣ мекунад, соҳиби раводид ё визаи панҷсола хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзи 26-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш хабар дод.

Оқои Раҳмон зимни ирсоли паёми солонааш ба Вазорати умури хориҷӣ дастур дод, ки ба соҳибкороне, ки ба иқтисоди кишвар беш аз як миллион доллар сармоягузорӣ мекунанд, "раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад".

Ҳамчунин ба гуфтаи раиси ҷумҳур, ба сайёҳон раводиди 60-рӯза дода мешавад. То ин вақт раводиди сайёҳӣ ба Тоҷикистон то 45 рӯз буд.

Бар асоси тағйироти нав, ҳамчунон ба зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии дигар кишварҳоро доранд раводиди сесола дода мешавад. Ин дархост, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, аз сӯи тоҷикони бурунмарзӣ садо додааст.

XS
SM
MD
LG