Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум ба мушкили паноҳандагон ишора кард


Дирӯз Попи Рум Франсиз дар паёмаш ба муносибати Иди милоди Масеҳ ба мушкили муҳоҷирону паноҳандагон ишора кард. Ӯ гуфт, ноадолатӣ онҳоро маҷбур мекунад, ки аз биёбонҳову баҳрҳо убур кунанд ва ин амр дар ниҳояти амр биёбону баҳрҳоро ба қабристон табдил медиҳад.

Поп афзуд, ноадолатӣ паноҳандагонро маҷбур мекунад, ки бадрафторӣ, ғуломӣ, шиканҷа ва ҳолати ғайриинсониро дар урдугоҳҳо қабул кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ин ноадолатӣ онҳоро водор мекунад, ки бо умеди ҳаёти шоиста хонаҳои худро тарк кунанд.

Пешвои як миллиарду 300 миллион католики рӯи олам паёми анъанавии худро дар рӯ ба рӯи даҳҳо ҳазор пайрави калисои католикии романӣ дар майдони Пётри Муқаддаси Ватикан ироа кард.

XS
SM
MD
LG