Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон дар соли 2019 ҳудуди $3 млрд ба Тоҷикистон интиқол додаанд


Муҳоҷирони тоҷик дар соли 2019 ҳудуди 3 миллиард доллар ба Тоҷикистон интиқол додаанд. Дар ин бора Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба гуфтаи сафир, бар асоси ҳисобҳои гуногун, тақрибан як миллион муҳоҷири тоҷик, ки барои кор ба Русия рафтаанд, ба таври ҳамешагӣ дар ин кишвар қарор доранд ва ин муҳоҷирон дар як соли ахир ба маблағи 3 миллиард доллар барои наздиконашон ба ватан интиқол додаанд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон ба он таъкид кардааст, ки маблағҳои ирсолкардаи муҳоҷирон дар рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Вай дар робита ба ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар гуфтаааст, ки дар 12 моҳи ахир миёни Тоҷикистон Русия дар ҳаҷми беш аз 1 миллиард доллар доду гирифт сурат гирифтааст.

Русия ба Тоҷикистон ғолибан нафт, маводи ғизоӣ ва мошину дигар таҷҳизотҳо содир мекардааст. Ба иттилои сафир дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 100 ширкати русӣ ва муштарак мисли "Газпромнефт", "Мегафон" ва ғайра фаъолият доранд.

Интиқоли 3 миллиард доллар аз сӯи муҳоҷирон дар як соли ахир дар ҳолест, ки як пурсиши Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии Бонки Миллии Тоҷикистон маълум карда буд, наздики 70 дарсади хонаводаҳо дар кишвар аз ҳисоби муҳоҷират зиндагиро пеш мебаранд. Ин таҳқиқот мегӯяд, боқӣ 30 дарсади аҳолӣ аз ҳисоби дигар -- кӯмакҳои хешовандон ва даромад аз ҷойи кор, зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG