Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеенбеков: Дар низоми гумрукӣ ба монанди Матраимов садҳо кас буд


Президент Сооронбой Ҷеенбеков дар нишасти хабарии солонааш ба суолҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ роҷеъ ба фасодкориҳо дар мақомоти гумруки Қирғизистон ва таҳқиқоти рӯзноманигории радио посух гуфт, ки яке аз "қаҳрамонҳо"-и он муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Райимбек Матраимов аст.

"На танҳо дар низоми гумруки мо, балки дар низоми гумруки тамоми ҷаҳон пулҳои калон чарх мезананд ва ҳар ҷое пули калон бошад, онҷо фасодкорӣ низ ҳаст. Дар мо низ ин чиз ҳаст. Намегӯям, ки нест. Медонам, онҷо фасодкорӣ мешавад. Аз солҳои 90-ум онҷо лонаи фасодкорон гаштааст. Ҳамаи президентҳо ҳамён доштанд ва ҳадафи ман маҳви ин ҳамёнҳо, чӣ аз андоз ва чӣ аз гумрук аст. Мегӯед, Райимбек фасодкор аст. Аз соли 90-ум дар мақомоти гумрук ингуна Райимбекҳо садҳо кас буданд",-изҳор дошт Ҷеенбеков.

Ба гуфтаи ӯ, "стратегҳои сиёсӣ гӯё аз Райимбек Матраимов рамзи фасодкориро сохтаанд ва мехоҳанд онро ба президенти Қирғизистон рабт диҳанд". Ҷеенбеков афзуд, ки Матраимов пеш аз президент шудани вай аз мақоми муовинии раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон канор рафта буд.

"Аммо медонам, ки мардум ба ин нигоҳ намекунанд ва ҳамчун президент ман бояд ба ҳама чиз посух диҳам. Ҳоло мо низоми гумрукро пурра рақамӣ месозем. Ман ҳам мехоҳам, ин кор то ба охир расонида шавад. Шумо таҳқиқот пешниҳод мекунед ва эътирозҳо баргузор мешаванд. Ҳамаи инро пайгирӣ дорам ва вақт лозим аст. Ҳама чиз шаффоф ва боз анҷом хоҳад шуд. Вале намешавад дар асоси гузориши рӯзноманигоре касеро зиндонӣ кард. Мо дар соли 37-ум нестем. Ҳоло гуруҳи тафтишотӣ ташкил шуда, санҷишҳо идома доранд",-зикр кард Ҷеенбеков.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.

Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.

Хонаводаи Матраимовҳо рӯзи 9-уми декабр барои ҳифзи обрӯй ва шарафи худ зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg ба додгоҳ шикоят бурданд.

XS
SM
MD
LG