Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти 6 ҳазор шикоят дар ду рӯз. Интихоботи Афғонистон ба даври дувум меравад?


Пас аз эълони натиҷаҳои ибтидоии интихоботи президентии Афғонистон, марҳилаи сабти шикоятҳо идома дорад. Тимҳои интихоботӣ ҳаққ доранд, ки то се рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, шикоятҳои худро ба Комиссияи шикоятҳои интихоботӣ пешниҳод намоянд.

Қутбиддин Рӯйдор, узви Комиссияи шикоятҳои интихоботӣ рӯзи сешанбе эълом кард, ки то соати соати 2-и пас аз зуҳр, беш аз шаш ҳазор шикоят аз сӯи тимҳои интихоботи сабт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан то рӯзи чаҳоршанбе, ки рӯзи поёнии сабти шикоятҳо аст, шумораи шикоятҳо ба даҳ ҳазор бирасад.

"То соати дуи имрӯз ҳудуди шаш ҳазор шикоят аз сӯи чаҳор тими интихоботӣ ба сабт расидааст, ки бештарашон марбут ба тими "Субот ва ҳамгироӣ" (тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ) аст. Аммо бар асоси иддаоҳои дигар тимҳои интихоботӣ, ин дастаҳо низ алоқаманд ҳастанд, ки шикоятҳояшонро сабт кунанд. Ин раванд рӯзи чаҳоршанбе идома меёбад".

Оқои Рӯйдод афзуд, ки баъд аз раванди сабт, шикоятҳои табақабандӣ шуда ва пас аз он раванди баррасии шикоятҳо оғоз мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тими интихоботии "Давлатсоз" бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ то поёни рӯзи сешанбе аз сабти 1200 шикоят хабар додааст. Довуд Султонзай, узви ин тими интихоботи ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин даста эҳтимолан то поёни рӯзи чаҳоршанбе беш аз се ҳазор шикоят сабт хоҳад кард.

Аз сӯи дигар, Фаридун Хузун, сухангӯи тими интихоботии "Субот ва ҳамгироӣ" ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки ин тим то поёни рӯзи дувуми сабти шикоятҳо, беш аз шаш ҳазор шикоят сабт кардааст.

Тими интихоотии "Сулҳ ва адолати исломӣ" бо раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр низ мегӯяд, ки ин тим беш аз се ҳазор шикоятро ба Комиссияи шикоятҳои интихоботӣ супурдааст.

Масъулони Комиссияи шикоятҳои интихоботии Афғонистон мегӯянд, бо дарназардошти иддаоҳои тимҳои интихоботӣ, эҳтимолан шумораи шикоятҳо то поёни рӯзи охири сабти шикоятҳо ба даҳ ҳазор бирасад.

Динмуҳаммад Азимӣ, муовини ин комиссия мегӯяд, ки бо таваҷҷуҳ ба мизони шикоятҳо, эҳтимоли рафтани интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон ба даври дувумро радд намекунад.

Дар ҳамин ҳол, аъзои Шӯрои номзадони раёсати ҷумҳурӣ рӯзи сешанбе дар нишасти хабарие дар Кобул гуфтанд, ки натиҷаҳои ибтидоии интихоботи президентиро қабул надоранд.

Бо ин ҳол, Вазорати умури хориҷии Амрико, сафири он кишвар дар Кобул ва намояндагии СММ дар Афғонистон низ аз Комиссияи шикоятҳои интихоботӣ хостаанд, ки ҳар шикоятро мутобиқ ба қонун баррасӣ ва ба он ба гунаи шаффоф расидагӣ кунад.

Пас аз сабти шикоятҳо, Комиссияи шикоятҳои интихоботӣ 39 рӯз фурсат дорад, то ба шикоятҳои сабтшуда расидагӣ кунад ва натиҷаҳои онро ба Комиссияи мустақили интихобот бифиристад.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи якшанбеи 22-юми декабр натиҷаҳои ибтидоии интихоботи президентии ин кишварро эълон кард. Тибқи он, раиси ҷумҳур Ашраф Ғании ҳафтодсола бо касби 50,6 дарсади раъйи интихобкунандагон, дар садр қарор дорад.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби деринаи Ашраф Ғанӣ ва раиси ҳукумати иҷроия, бо тақрибан 40 дарсади раъйҳо, дар ҷойи дувум аст. Гулбиддин Ҳикматёр ва Раҳматуллоҳ Набил, номзадҳои дигари интихоботи президентӣ дар Афғонистон дар ҷойгоҳи севуму чаҳорум қарор доранд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG