Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ройтерз": Хоманаӣ дастур дода буд, ки бо ҳар роҳ эътирозҳоро пахш кунанд


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Хабаргузории "Ройтерз" рӯзи 23-юми декабр бо такя ба манбаъҳое, ки номашон фош намешавад, навишт, раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дастур дода будааст, барои боздоштани эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар ин кишвар "ҳар кори лозимро анҷом диҳанд".

Бар асоси гузориши "Ройтерз", Хоманаӣ ин ҳушдорро низ дода будааст, ки "агар нооромиҳои хиёбонӣ мутаваққиф нашуд, мақомҳои масъул посухгӯ хоҳанд буд".

Дар гузориш гуфта шудааст, Хоманаии 80-сола 17-уми ноябри имсол, пас аз ду рӯзи оғози эътирозҳо, дар қароргоҳаш бо раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, аъзои ҳукумат ва дигар мақомҳои баландпоя нишасте баргузор кард. Дар гузориш ба нақл аз як манбаи наздик ба ҳалқаи Хоманаӣ омадааст, "ӯ дар ин нишаст бо садои баланд аз шеваи бархӯрд бо нооромиҳо интиқод карда ва гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ дар хатар аст ва ба ҳар шакле бояд ба эътирозҳо поён диҳанд."

Ба гузориши “Ройтерз”, ин дастури Хоманаӣ хушунатомезтарин саркӯби эътирозгарон аз замони инқилоби исломӣ дар соли 1979 будааст.

“Ройтерз” навиштааст, “се мақоми Вазорати корҳои дохилии Эрон кушта шудани тақрибан 1500 нафарро дар ҷараёни камтар аз ду ҳафтаи нооромиҳои моҳи ноябр тасдиқ кардаанд”.

Мақомҳои Эрон то кунун шумори дақиқи кушташудаҳоро намегӯянд. Созмони Афви Байнулмилал шумораи кушташудаҳоро 304 нафар ва Вазорати умури хориҷии Амрико тахминан 1000 нафар баршумурдаанд.

XS
SM
MD
LG