Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи расмӣ: "Афв" танҳо ба маблағҳои фиристода аз Тоҷикистон дахл дорад


Муштариёни шабакаи "Золотая корона" дар Тоҷикистон рӯзҳои 24 ва 25-уми декабр фурсат доранд, ки маблағҳои фиристодаи худро аз ин низом бозпас бигиранд. Аммо ин “афв” танҳо ба маблағҳои интиқолшуда аз Тоҷикистон ба хориҷ дахл дорад ва маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон аз Русия дар Тоҷикистон пардохт намешавад.

Рӯзи 24-уми декабр дар чанд бонки Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, омодаанд маблағҳоеро, ки ба воситаи “Золотая корона” аз Тоҷикистон ба хориҷ интиқол шудаанд, бозпас бидиҳанд. Инчунин, маблағҳое, ки тариқи ин низом аз як ноҳия ба ноҳияи дигари Тоҷикистон фиристода шудаанд, бозпас дода мешаванд.

Аммо ба гуфтаи мақомоти Бонки миллӣ ва ҳам бонкҳои кишвар маблағҳои муҳоҷирон, ки аз Русия ба Тоҷикистон ба воситаи низоми “Золотая корона” интиқол шудаанд, бозпас дода намешаванд. Муҳоҷирон ба гуфтаи мақомот, маблағҳои худро аз Русия бозпас бигиранд.

Эълони “афв”-и Бонки миллӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон шикоят доранд, ки пеш аз фаъол шудани Маркази пулгузаронӣ ба воситаи низоми "Золотая корона" ба кишвар ё аз дохили кишвар ба хориҷа пул фиристода буданд ва онро бозпас гирифта наметавонанд.

Масъулини бонкҳои Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, ки “пули зиёде аз шаҳрвандон дар низоми "Золотая Корона" дармондааст".

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар намояндагии “Золотая корона” дар Тоҷикистон гуфт, гуфтугӯи онҳо бо мақомоти Бонки миллӣ идома дорад.

Бонки Миллии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2019 Маркази ягонаи протсессингиро фаъол кард, ки минбаъд ҳамаи маблағҳо ба кишвар танҳо тавассути ин марказ ворид мешаванд. То ҳол низомҳои "Юнистрим" ва "Контакт" ба он ҳамроҳ шудаанд.

Низоми "Золотая Корона", ки дар гузашта беш аз 80 дарсади пули муҳоҷирон ба воситаи он интиқол мешуд, шартҳои Бонки Миллии Тоҷикистонро напазируфтааст.

Ҳанӯз суолҳо дар бораи кори ин марказ зиёд аст, вале мақомот ба пурсишҳои чолишбарангез ҷавоб намедиҳанд. Айни замон шикояти муҳоҷирон ва наздикони онҳо дар бораи фиристодану гирифтани пул кам нашудааст.

Бино ба ҳисобҳои созмонҳои байналмилалӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аст.

Муҳоҷирони корӣ дар 9 моҳи имсол танҳо аз Русия ба кишвар беш аз 2,5 миллиард доллар фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG